Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Чун дар каме кушода шуд, мо дар остона ёри қадиму азалии Сафо Боқиро дидем, ки шояд на қобилияти пеш қадам ниҳодан дошту на дарро бастану пас гаштан…
Хуб шуд, ки омадед, вагарна рафиқ капитан баҳри оварданатон чанд сипоҳи саропо мусаллаҳи хешро мефиристод.
Бонози Даврон боз ду қадам гузошта дарро баст ва пушти дар чун кӯдаки гунаҳкоре, ки модараш ба ў чунин ҷазоро раво дидааст, рост шуд.
-Марҳамат, гузашта шинед, - курсиеро нишон дода гуфт муфаттиши прокуратура.
-Ташаккур, ман рост меистам.
-Ҳоло ки имконият ҳаст нишинед, вагарна рўзе фаро мерасаду худ афсӯси онро мехӯред, ки чаро ба чунин як курсии мулоим нанишастед.
Бонози Даврон дигар сухане ба забон наоварда, боз чанд қадам гузошту дар рў ба рўи муфаттиш нишаст.
Муддате фазои идораро муҳити хомӯшӣ фаро гирифт.
-Гумон мекунам, тайи зиёда аз як соате, ки то ба ин ҷо омадед, сари корнамоиҳои хеш андеша намудед, - ниҳоят муҳри хомӯширо шикаста, ба тарафи мусоҳиби дар рў ба рўяш нишаста нигариста гуфт Нӯшини Азиз.
-Ман гуноҳе надорам, - нигоҳашро аз фарш наканда, овоз рӯшан намуд ҳамсари бевафои Сафо Боқӣ.
-Ва инро худат мегўӣ?
...
-Фарз намудем, шумо гуноҳе надоред, пас ба мо фаҳмонед, ки чаро дар соати бистусеи шаб шавҳаратон ба кӯчаи Беҳзод рафт?
-Намедонам, ўро чӣ ҳавое дар сар буд.
-Тайи ҳамин муддат шумо боре андеша намудед, ки дар хуни дигаре не, балки дар хуни нафаре, ки бо чӣ умеду орзуҳо тақдирашро бо шумо пайваста буд, даст доред.
-Ў маро қариб буғӣ карда кушта буд.
-Бе ягон гуноҳ?
-Не, албатта, ман ҳам то ҷое гунаҳкор ҳастам.
-Мо донистан мехоҳем, ки он чӣ гуноҳест.
-Ман ба ў хиёнат кардам ва акнун ба хулосае омадам, ки…
- Ба кадом хулоса омадед?
- Дуздию ғарӣ дар паси саргини хар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор