Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Агар ба маҳаллаи Зарафшон намерафтед, ё гуфтаниед, ки дар ҳамон маҳалла зиндагӣ мекунед?
… - Хуш чаро хомӯшед, ё мо шуморо туҳмат намуда истодаем?
… - Хомӯш нишастан ба фоидаи шумо нест, мо донистан мехоҳем, ки шуморо бо ҳамсари Сафо Боқӣ чӣ пайвастагие ҳаст.
- Мо ҳамин хел қадрдонем.
- Муносибати шумо бо Сафо Боқӣ дар кадом поя қарор дошт?
- Ў дӯсти аввалину охирини ман буд.
- Яъне, ки намаки якдигарро хӯрдаед?
- Албатта.
- Пас чаро хотири намаки дӯст пос надоштаед?
- Чӣ хел пос надоштам? - бо рангу рӯи канда гуфт Хушнуд Замир.
- Хоҳиш мекунам баҳри сафед намудани хеш талоше накунед ва ғазаби моро наафзоед.
… - Ман гунаҳкорам, - нигоҳашро ба замин духта гуфт ў.
- Яъне ки сабабгори марги Сафо Боқӣ худи шумоед?
- Не, не, ҳаргиз чунин нест. Ман дар ҳақиқат гунаҳкор бар онам, ки ба васвасаи шайтон дода шуда, ба оне ки дар зиндагӣ дастам гирифта буд, хиёнат намудам, вале дар марги ў даст надорам.
- Чаро мо ба шумо бовар кунем?
- Қасам мехӯрам, ки ман дар марги Сафо Боқӣ даст надорам.
- Гуфта истодам, ки ғазаби маро наоред ва мавқеи хешро дар ин амали нангин баён намоед!
... - Шумо худ нағз медонед, кӣ дар марги Сафо Боқӣ даст доред.
- Ба номи поки…
- Даматро гир, аблаҳ ту чӣ тавр метавони, ки ба номи Холиқи оламиён қасам хӯрӣ. Сафо Боқиро ту чандин моҳ пеш аз марги ҷисмониаш руҳан куштӣ, мефаҳмӣ, руҳан ва шикасти руҳ барои мард аз марг дида бадтар аст.
- Ман гунаҳкорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор