Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Бале.
- Пас ба ў нагуфтӣ, ки сарторик шудаӣ?
- Не, ман нагуфтам, вале ў худаш фаҳмид.
-Ту гуфтӣ, ки падари тифл кист? - Не, вале ман инкор ҳам накардам. Ҳамон лаҳзаҳо афсӯс бар он хӯрдам, ки сирри хешро пеш аз муҳлат ба ў ифшо намудам.
- Сухан дар даҳон посбони сар аст, вале афсӯс ту ҳамин чизи одиро аз ёд баровардӣ.
- Ту чӣ аз Нигора гумонбарӣ?
- Ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале хуб мешуд, ки ту худ сари ҳамин муаммо андеша мекардӣ. Фаромуш насоз, ки ҳеҷ гоҳ Сафо бе нишондоди роҳбаладе ба кӯчаи Беҳзод нарафтааст.
- Ман акнун ба ёд овардам, ҳамон шаб вақте ки ман рӯи роҳ баромадам, вай дӯсти сӯзанхӯрдаамонро дидам.
- Хусрави Раҳимро?
- Бале, ў ҳарчанд дар тарафи дигари роҳ буд, вале ман ҳис намудам, ки ў маро дид. Аҷаб нест ў ба Сафо занг назада бошад.
- Аз дасти ў ҳам ҳар кор омаданаш мумкин, ман нағз медонам, ки мардони ҳасуд ба ҳама кор қодиранд…»
Занги телефонии дохили садо дод ва Раҷабов гӯшакро бардошт. - Рафиқ майор, Хушдил Замир омадаст,-хабар дод навбатдор.
- Ўро то дафтари кори банда роҳбаладӣ намоед,-амр дод Сафар Бобохонович ва диктофонро хомӯш намуда, ба ғалладони мизи кориаш гузошт.
- Ҳоло ҳам андешаҳои дирўзаатонро дигар накардаед? - ниҳоят хомуширо вайрон карда гуфт Раҷабов.
- Кадом андешаҳоро?
- Дар бораи бегуноҳиатон.
- Ман гуфтам, ки гуноҳе надорам.
- Бовар мекардем, агар…
- Агар чӣ? - Ин дафъа бо овози гирифтае пурсид Хушнуд Замир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор