Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Марҳамат дароед, - шунидам овози Раҷабовро ва дарро кушода пой ба остонаи дафтари кори Сафар Бобохонович гузоштам…
- Рафиқ капитан, шумо ниҳоят дер мондед, - баробари ба курсие нишастани ман гуфт Тоҳир Додобоев.
- Чӣ хел дер мондам, о, то оғози рўзи кори боз ним соат, дурусттараш бистуҳашт дақиқа вақти дигар аст, - ба соати калони деворие, ки болои дари дафтари кори муовини сардор меистод, ишора намуда гуфтам ман.
- Мо аллакай бе шумо…
- Ҳеҷ чизро намефаҳмам.
- Чияш нофаҳмо?
- Ҳамааш.
- Ман ҳайронам, ки чаро шумо дишаб ба хона рафтед? - ба ҷойи ба саволи банда посух гуфтан боз бо саволе ба ман муроҷиат намуда гуфт сардори бахш.
- Мебинам, ки бе ман Эверестро фатҳ намудаед, пас чӣ ҷойи азо гирифтан.
- Мо ҳанӯз дар домони ин қуллаи бузургем ва гумон мекунем, ки то фатҳи он бо мо хоҳед монд.
- Метавонед осуда бошед.
- Хуш, рафиқ майор, агар шумо рухсат диҳед…
- Зид нестам, - гўён Сафар Бобохонович аз ғаладони мизи кориаш диктофони хурдакакеро берун оварда, яке аз тугмачаҳои онро пахш намуд…
«Илтиҷо мекунам, ором шав. - Ором шав мегӯӣ? Оё ту медонӣ, ки фардо онҳо маро ҳабс мекунанд.
- Агар онҳо ба муқобили худат ягон далеле дошта бошанд.
- Фардо субҳ ман бояд худ ба он ҷо равам.
- Ин хел тарсу набудӣ, ба ту чӣ шуд?
- Гӯё намедонед.
- Ман ҳеҷ чизро намефаҳмам. Хайр ба милиса ҷеғ зада бошандат, ҷеғ заданд, қоида ҳамин аст, онҳо бояд ба калонашон ҳисобот диҳанд, ки кор карда истодаанд. Агар онҳо кор мекарданд, магар аризаи бандаро ба гӯшаи фаромушӣ медоданд.
- Чӣ хел ариза?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор