Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Пас маълум мешавад, ки фарзандатон сухани шуморо ба замин нагузоштааст.
  • Ба ҳар ҳол акнун ман боварӣ дорам, ки писарам Расул (писарамонро чунин ном аст) баъди ин нисбат ба хеш серталабтар хоҳад гашт.
  • Аминам.
  • Агар супориши дигаре надошта бошед…
  • Кори шаб хандаи рўз.
    Бо муовини сардор худоҳофизӣ намуда, ба кӯча баромадам. Мондагиро ҳис намуда, дар рӯ ба рӯӣ милисахона таксиеро боздоштам.
    Дар ҳоле ки таксӣ дар маҷрои нақлиёти шаҳрӣ ҳаракат дошт, ба нохост ман қиссаи «Моҳигир ва моҳии тилло» - ро ба ёд овардам ва чаро ин қисса ба ёдам омад, худам ҳам нафаҳмидам…
  • Ин Раҷабов ҳам бало, - баробари пой ба остонаи милиса гузоштанам гуфт Салимов, ки шояд тамоми шаб мижа таҳ накарда буд.
  • Тарзе гап мезанед, ки гўё қуллаи «Коммунизм» - ро фатҳ намуда бошед.
  • Не, аз он болотарашро.
  • Эверестро гӯй.
  • Эй бар гузаштагонат раҳмат!
  • Шояд рӯшантар карда гап занед.
  • Ҳама дар он, - ҷо бо нарангушташ ба боло ишора намуда гуфт навбатдор.
  • Дар куҷо?
  • Дар дафтари кори Сафар Бобохонович.
  • Он ҷо чӣ кор мекунанд?
  • Раву бин…
    Аз муколамаи нобаҳангом ва суханони пардапӯшонаи Салимов чизеро нафаҳмидам ва ба ошёнаи дуюм баромадам.
    Дарро кушода, палтоямро ба либосовезак гузошта баромадам ва ба дари сардории бахши кофтукови ҷиноятӣ, ки ду дар аз дафтари кори банда дуртар буд, ангушт задам. Чун аз санг садо омаду аз дафтари кори Тоҳир Додобоев не, дарро каме тела додам, он маҳкам буд. Сипас то ба охири даҳлези ошёнаи дуюм рафтам ва ба даре ки болояш «Муовини сардор оид ба корҳои оперативӣ» навишта шуда буд, ангушт задам.
пешина
аз 441
навбатӣ