Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Агар кори дасти вай набошад-чӣ?
...
-Чаро хомӯш шудед?
-То андозае ҳақ ба ҷониби шумост.
-Рафту агар бо чунин шакли кор маълумоте ба даст оварда тавонем, ин беҳтар аз он аст , ки тариқи ВАО дар тамоми қаламрави кишвар ҷор занем. Агар натиҷае ба даст омад, чӣ хубе, дар акси ҳол ман худам ба назди Дастам Қосим даромада, масъаларо дар асоси пешниҳоди шумо баррасӣ менамоям...
Вақте онҳо аз бинои милиса берун шуданд, ситораҳо дар осмон чашмак мезаданд...


Ҳарчанд Карими Кабир тайи чанд сол дар Ватан набуд,
вале ҳамеша бо ёди Ватан зиндагӣ дошт. Ӯ аслан Гулзорро
дар ҳамон шакле дидан мехост, ки дар он субҳгоҳон Ҳоҷӣ
Нуралии Дароз дида буд. Ҳарчанд ӯ ҳам аз хурдӣ аз
муҳаббати волидайн маҳрум гардида буд, вале бобою
бибиаш ӯро чун нишонае аз фарзанд мисли гавҳараки чашм
ҳифз мекарданд. Дар ҳамин ҷо мичман оҳи сарде аз дили
пурдард баровард, ки дар лаҳзаи охири ҳаёти бобою бибиаш
дар паҳлуи онҳо набуд ва пояи тобуташонро гирифта
натавонист. Сараввал, дар хизмати ҳарбӣ монданашро дӯстию
бародари қавму миллатҳои ҳамон давлати ба қавли бобояш
сағирапарвар сабаб шуд. Дуюм, сар задани даргириҳои сиёсӣ
дар кишвари азизаш ва муҳоҷир шудани мардум ҳам боиси
дар хизмати низомӣ монданаш гашт, вале дар ин ҷода то
андозае бобояш ҳам саҳмгузор шуд. Эҳтимол мӯйсафед
даргириҳои сиёсии кишваро дида нахост, ки ягона нишони
зиндагиаш шомили ин бозиҳои сиёсӣ гардад ва мағзи
донакашро ҳатто бовар кунонид, ки мо тайи ҳафтод сол бо
мардуми рус аҳлу тифоқ зиндагӣ кардем, барои ҳимояи
Ватан якҷоя хун рехтем ва ба қавле бо миллатҳои собиқи
Ватан чун гӯшту нохун пайванд шудаем ва хуб мешуд, ки ту
Каримҷон ҳамон ҷойи гарматро сард намекардӣ. “Беватан
нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан, Дар ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст,” - оварда буд мӯйсафеди бобояш дар он номаи тақдирсоз ва боз муҳаббати русдухтар низ болои ҳамаи ин “панду ҳикматҳо” сарборӣ гашт ва ӯ барои давом додани хизмат дар Флот шартнома баст.

пешина
аз 441
навбатӣ