Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Чунки тайи чанд сол боз мо бегонаем ва дар ин самт ҳанӯз ягон ҳуҷҷати расмӣ на дар сатҳи Ҳукумат ва на дар сатҳи сохторҳои соҳавӣ ба тавсиб расидагӣ нест. Ин як. Дуюм, канӣ кафолат, ки маллоҳ номашро дуруст гуфта бошад. Сеюм, рафту маллоҳ бегуноҳ бошад, албатта аз худ дарак медиҳад ва агар набошад-чӣ баъди он даъватӣ телевизионӣ...
-Кори милиса бе таваккал намешавад.
-Барои ҳамин аввал мо бояд аз имкониятҳои дар ихтиёри милиса буда истифода барем.
-Рафту тайи ин муддат маллоҳ аз ҷумҳурӣ баромада равадчӣ?
-Рафту дар давоми се шабонарӯзи аввал аз кишвар баромада бошад, чӣ хуб, вагарна дигар тамоми дарвозаҳои мамлакат барояш баста шудаанд, чунки дар ин бора бо имзои сардори РКД-и шаҳр оиди боздошти нафаре, ки бо шаҳодатномаи хизматчии Флоти Баҳрӣ ба гузаргоҳи сарҳадӣ ҳозир мешавад, мактуби расмӣ фиристода шудааст.
-Шояд фотороботашро тартиб диҳем?
-Беҳтарин иқдом агар ин кор ба мо даст диҳад. Мо дер сари ин масъала баргаштем. Дар ин самт ҳатто ба мо Парвизи Бекмурод ҳам ёрӣ дода метавонист ва акнун ки боз шоҳиде пайдо шудааст, набояд ин корро ба таъхир андозем.
-Фардо ман боз Фотеҳзода Зулайхои Валиро ба ин ҷо даъват мекунам.
-На танҳо ӯро.
-Шуморо фаҳмидам, рафиқ майор.
-Акс аз нигоҳи ду нафар эҳтимол ба аслаш наздиктар шавад. Фардо ҳам ба анҷоми кори имрӯза даст заданамон лозим меояд.
-Дар нисбати ба таксӣ нишастани вай чизе гуфта наметавонам, вале рафту агар ҳодиса кори дасти ӯ бошад, ба гумон аст ба меҳмонхона рафтанашро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё