Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Агар ман шуморо дуруст фаҳмида бошам, назари тафтишот бар он аст, ки маҳз ҳамон нафари доруҳоро оварда дар ҳодисаи ба сари амакам омада даст дорад?
-Даст дорад ё не, мо то ҳоло чизе гуфта наметавонем, вале ба мақсади муайян намудани ҳолатҳои кор шахсан ӯро пурсиданамон лозим. Ҳа, дарвоқеъ, вай ҳам дар рӯйхати гумонбаршудагони ҳодиса сабт шудааст, ҳарчанд мо то кунун ному насабашро муайян накардаем.
-Ман ҳам ӯро дар Домодедово бори аввал дидам. Мо ҳамагӣ чанд дақиқа суҳбат доштем. Номаш Карим, дар либоси низомӣ буд. Либоси танаш ба либоси онҳое монанд, буд, ки маллоҳон дар киштиҳо мепӯшанд. Чунин намуди ҳарбиён дар кишвари худамон қариб ба чашм намерасанд, вале дар Русия онҳо хеле зиёданд. Барои инсонро фаҳмидан шарт нест бо ҳамроҳи вай як пуд намакро истеъмол кардан ва банда дар ҳамон вохӯрии яклаҳзаина ҳам фаҳмидам, ки ӯ инсони ниҳоят наҷибест. Беҳуда шумо аз вай гумонбар шудаед. Бубинед, ӯ ба худи амонат чӣ тавр муносибат намудааст ва ҳатто шабона онро ба хонаи амакам бурда додааст. На ҳар кас нисбат ба амонати дар дасташ буда худро чунин масъул меҳисобад.
- Суроғаашро напурсидед?
- Не.
-Рафту агар вай доруҳоро ба хонаи амакатон намебурд, пас ӯро дар куҷо меҷустед?
-Чӣ хеле аллакай гуфтам, барои инсонро фаҳмидан...
-Истеъмоли як пуд намак ҳамроҳаш шарт нест, ҳамин хел?
-Дуруст.
-Пас шумо каломи мардуми рус: -“Внешность всегда обманчива” 8– ро инкор мекунед.
Ҳар сухан сесаде шасту шаш паҳлу дорад ва беҳтар мебуд, ки ба он аз кунҷе назора менамудед, ки ба ҷуз тарафи тафтишот манфиати бегуноҳеро низ инъикос мекард.
Шакли зоҳири ҳамеша назарфиреб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё