Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Дар дафтари қабули шаҳрвандон. Дар ин бора хостам шуморо огоҳ намоям, вале телефони дафтари кориатон ҷавоб надод.
Сорбони Ҳомид дари рӯ ба рӯи бахши навбатдориро кушода, худро муаррифӣ намуд. Аз байни нафарони дар он ҷо буда духтари резапайкаре, ки дар намуд бисту се – бисту панҷ сол дошт ва пероҳани сиёҳаш худ муаррифгари сарнавишти нобасомонаш буд, бархеста, ба тарафи дар омад.
Духтар баъди шиносоии кӯтоҳ ҳамроҳи корманди милиса, ки дар либоси ғайринизомӣ буд, ба тарафи ошёнаи дуюм рафт.
-Дирӯз дар хонаи амакам маро дидан хостед вале тобам набуд. Ҳамсари амакам дар ин бора хеле пас бандаро огоҳ намуд ва аз ҳамин лиҳоз ба ин ҷо омадам, баъди вориди дафтари кори шудан ва ба курсӣ нишастан сабаби ташрифи хешро ба милиса шарҳ дода гуфт нафари дар либоси сиёҳ буда.
-Ному насаб?
-Фотеҳзода Зулайхои Валӣ.
-Мақсад аз ташрифи банда ба суроғаи амакатон ин тариқи шумо рӯшанӣ андохтан ба баъзе паҳлуҳои кор буд.
-Шуморо гӯш мекунам?
-Тафтишот маълумоте дорад, ки гӯё шумо рӯзи 22 октябр тариқи кадом як мусофире аз Маскав барои амакатон дору фиристодед?
-Ҳамааш ҳамин хел буд.
-Оё шумо гуфта метавонед, ки доруҳои фиристодаатон ба дасти амакатон расидаанд?
-Бале, ман куттии доруҳоро худам дар хонаи амакам Исроил Фотеҳ дидам, мутаассифона, амакам ягон ҳаберо аз он савғоҳои фиристодаи ман истеъмол накардааст.
- Ташхиси тиббӣ-судӣ аз нигоҳи илмӣ вақти ба ҳалокат расидани амакатонро дар байни соати 2110 -2150дакиқа муайян намудааст. Маҳз ҳамин вақт ба ташрифи нафаре, ки шумо тариқи вай барои амакатон “савғо” фиристодед, рост меояд. Аз нигоҳи тафтишот ин ҳамон вақтест, ки касе қасд ба ҷони амакатон намуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё