Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Чаро хомӯшед?
- Шарм медорам.
- Аз чӣ?
- Аз он чӣ ки аз болои шумо ва муфаттиш ба прокурор шикоят намудам, ин ҷо бошад…
- Бе камбудӣ танҳо Оллоҳ таолост.
- Ташаккур, ки ба дил нагирифтаед.
- Мусулмон набояд аз се рўз беш дар дил кина гирад. Ин суханони ман не, балки гуфтаҳои паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) аст.
- На ҳар мусалмон чунин андеша дорад.
- Сад афсўс ки чунин нафарон ҳам ҳастанд, вале чӣ илоҷ?
- Ман ҳам афсўс мехӯрам, ки аз болои шумо шикоят намудам.
- Ба дил нагиред, ҳар чӣ буд гузашт ва мо набояд коҳи кӯҳнаро бод диҳем.
- Аҷаб, ки тайи ҳамин як соат нигоҳи банда ба оламу одам дигар шуд.
- Нек бошад.
- Нигоҳдорандаи ҳар яки мо худи Ӯст ва теғи олам ҳам бе розигиаш рагеро набурд.
- Ихтиёр шуморост, -гўён ман ба суҳбат нуқта гузоштам.
Баъди рафтани Бонози Даврон ман боз сари ҳамин суҳбати яксоата баргаштам. Ҳар қадар сари гуфтаҳои Бонози Даврон андеша намудам, ҳамон қадар худро дар гирдоб дидам. Дар гирдобе, ки ба пиндори ҳамонлаҳзаинаи ман аз он баромадан қариб ки ғайриимкон буд, вале …
Умед дар қалби бо гирдоб дар талошбудаи ман ҳанўз ҳам зинда буд…
«То нахӯрӣ санг, кай гарди самоъ?» - гуфтани мардони хирадпешаро мо танҳо баъди рафтани Бонози Даврон ба ёд овардем. Аслан мебоист сари ин масъала пештар андеша мекардем, вале …
Ба ҳамаи иттилои то ба ҳол гирифтаамон ба қавле аз паси панҷа нигоҳ намудем. Тайи ду рўзи охир мо тамоми иттилои гирифтанро мавриди таҳлил қарор додем, вале дар байни ҳамаи он хабарҳо сатреро дар бораи қарздор будани Сафо Боқӣ наёфтем. Баръакс, аксари онҳое, ки ба мо ёрӣ додан мехостанд, маҳрумро одами ниҳоят сахт нишон медоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор