Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Албатта, ин ташриф ташрифи одӣ набуд ва худи зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар намуд.
Нафаре, ки даҳ шабонарўз пеш аз болои ману муфаттиш ба прокуратура шикоят бурда буд, аз ҷабру ҷафои ба сараш омада, ба қавле ҷонсарак шуда, аз мо имдод хост.
Ҳар он чи ки Бонози Даврон гуфт, дар ягон чаҳорчўбаи зиндагӣ рост намеомад.
Ӯ шикоят кард, ки тайи се-чор шабонарўзи охир панҷ марди ношинос ба дари хонаи вай ангушт зада, худро саҳмдори молу мулки Сафо Боқӣ арзёбӣ намуданд. Аз суханони ҳамсари бевамондаи Сафо Боқӣ ҳамин қадар фаҳмидам, ки нисфи моликияти шавҳараш саҳмияи ҳамин нафарони даъво пешниҳоднамуда будааст.
- Чаро онҳо ба мақомотҳои дахлдори давлати нею ба шумо муроҷиат намуданд? - пурсидам ман.
- Намедонам.
- Ному насабашон?
- Онҳо аз гуфтани ному насабашон худдорӣ намуда гуфтанд, ки чун масъалаи мазкур ( сабабҳои марги Сафо Боқӣ дар назар аст) ҳалли хешро ёбад, пас онҳо аз худ дарак хоҳанд дод.
- Дар ин бора аз ёрдамчии Сафо напурсидед?
- Ба фикрам, ў ҳам дар бораи қарзҳои гирифтаи Сафо хабар надорад.
- Аҷиб.
- Ман ҳам ҳайронам, ки чаро Худораҳматии Сафо боре ҳам дар ин бора забон накушод.
- Рафту агар онҳо дар моликияти шавҳари шумо саҳме дошта бошанд, бе ҳуҷҷат нестанд ё гапам нодуруст?
- Ман ҳам чунин гумон мекунам.
- Пас чаро онҳо ҳуҷҷатҳои доштаи хешро дар ин бора ба шумо нишон надоданд?
- Намедонам, вале ман метарсам.
- Аз кӣ?
- Албатта, аз онҳо.
- Шояд баҳри шумо муҳофиз лозим аст?
- Намедонам.
- Андеша намоед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор