Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Не, худи ҳамон бегоҳе, ки Зулайхо духтари бародараш аз Маскав барояш бо дасти ким-кадом як маллоҳ дору фиристодааст.
-Маллоҳ доруҳоро овардааст?
-Дишаб Зулайхо аз Маскав омад ва ҳамон қуттии доруҳои ба амакаш фиристодаро он ҷо дида шинохтааст.
-Ба фикри шумо доруҳоро ҳамон маллоҳ овардааст ё бо дасти нафари сеюм онҳоро ба хонаи худораҳматии Исроил фиристодааст?
-Намедонам, вале аз рӯй нишондоди Зулайхо тайёра соати 20 –и вақти маҳалли бояд ба Душанбе мерасидааст. Ба замми ин боз санҷиши сарҳадию гумрукӣ вақти муайянеро мегирад, вале аз он ки куттии доруҳои фиристодаашро бародарзодааш шинохтааст, пас маълум мешавад. ки нафаре онҳоро ба ин хонадон овардааст...
“Сухани ростро аз бача шунав,” - аз дил гузаронд капитани милиса. Пас агар чунин аст Парвизи Бекмурод дар нишондодаш танҳо ҳақиқатро гуфтааст ва моро ба ҷуз ёфтани он маллоҳ чораи дигаре нест...
Дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ ҳама гуна хабар мавриди санҷиш ва таҳлили пурра қарор мегирад ва хабари бо роҳи ғайрирасмӣ бадаст овардаи Сорбони Ҳомид низ мавриди таҳлили дақиқи гурӯҳи тафтишотӣ қарор гирифт.
Бо гирифтани хабар сарвари гурӯҳи тафтишотӣ муфаттиши прокуратура Соҳиб Хол ҳамроҳи капитани милиса Сорбони Ҳомид бори дигар протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодисаро мавриди омӯзиш ва таҳлил карор дода, расмҳои аз ҷойи ҳодиса гирифташударо тамошо карданд.
-Ана, ба фикрам, ҳамон куттии доруҳои мегуфтагиат, - акси қуттиеро, ки дар як гӯшаи болои ҷевон меистод, нишон дода гуфт муфаттиш. -Хуб мешуд, агар имкон ёфта дар ин бора бо Зулайхо суҳбат мекардед. Шояд ӯ дар бораи маллоҳ маълумоти бештаре дошта бошад.
-Ҷустани маллоҳ душвории зиёдеро ба бор нахоҳад оварад, вале гумон намекунам, барои ҳазор доллар шуда ӯ ба чунин як амали нангин даст зада бошад.
-Кӣ медонад?

пешина
аз 441
навбатӣ