Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рафту ҳамон захми сари маҳрум набудӣ, шояд эҳтимол мерафт, ки Сафо Боқӣ дар торикӣ аз дари балкон баромадаву ба поён рафтааст, ҳарчанд балкон ҳам панҷараи на чандон баланди муҳофизатӣ дошт.
Марги Сафо Боқӣ баҳри кормандони милисаву прокуратура чун устухони дар гулӯ дармондае шуд ва ҳамаи ин кам буд, ки боз ҳамсари маҳрум бо як амали ноҷои хеш ин субҳ болои сӯхта намакоб пошид.
Устухони то кунун дар гулӯи мо дармонда роҳи нафасамонро тангтар мекарду тангтар…

  • Бародар, роҳ диҳед, - гуфтани касе бандаро аз байни андешаҳоям берун овард ва ба самти овоз нигаристам.
  • Марду зани ҷавоне аз дасти писарбачаи се-чорсолаашон дошта чанд қадам аз ман дуртар тавоқуф намуда буданд.
    Ҳарчанд зану шавҳар аз паҳлуи банда гузашта рафтанӣ буданд, вале он писарбачаи қайсар ду пойро дар як мӯза андохтанӣ шуда, аз пиёдароҳ баромадан намехост. Аз пиёдароҳ баромадан он тараф истад, дастони падару модарашро низ сар додан намехост.
  • Бубахш бародар, ки шуморо…
    -Боке нест, - гуфтам ман ва баҳри он писарбачаи қайсару волидонаш роҳ кушодам.
    Сипас аз қафои он ҷуфти хушбахт то аз чашм пинҳон шуданашон назорат намудам.
    «Ист!», - нидо омад аз қалбам Аз чӣ бошад, ки якравии он писарбачаи қайсар мавҷи хотироти бандаро боз ба хонадони Сафо Боқӣ бурд.
    Аз ҳуҷҷатҳои тафтишотӣ бармеомад, ки Сафо Боқӣ ва Бонози Даврон ҳашт сол боз зану шавҳаранд, вале … Боғи онҳо то кунун бор наоварда буд.
    -Фарзанд асоси пойдории оила аст, - даъво пеш меоранд қисме аз мардум.
    «Дар асл чӣ» - шунидам садои қалби хеш.
    Хомӯш шудам.
    “Чаро ба даҳон гирифтӣ?” - садо омад аз ғайб.
  • Охир дар дунё оилаҳои бе фарзанд каманд, - дар навбати хеш гуфтам ман.
  • Андешаҳоят бад нестанд.
  • Даҳҳо, садҳо, не шояд ҳазорон чунин оилаҳое ҳастанд, ки ба нохуни фарзанд зор, вале…
пешина
аз 441
навбатӣ