Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Чун банда эътироз намудам, Аҳмад Сайдшарифович гуфт: - Кам нестанд ҳолатҳое, ки ҷинояткор аз зери бинии корманди милиса ба осонӣ гузашта меравад, ҳол он ки шахси бегуноҳе баробари дидани милиса худро гум мекунад ва бо ҳамин амал таваҷҷуҳи милисаро бедор месозад.
Намедонам ҳамаи ин фикру андешаро Аҳмад Сайдшарифович аз рўи нақли банда гуфт ё аз таҷрибаи кори хеш.
Чун муфаттиш ҳам фикру андеша ва эътирози хешро баён кард, прокурор ҳам паст наомада, гуфти мақоли халқӣ - «дузди зӯр соҳиби говро бастааст», - моро ба қавле ба ҷоямон шинонд.
Нохост фикре ба сарам омаду рўи роҳ таваққуф намудам.
Шояд бо ин амали ногаҳонии хеш таваҷҷуҳи роҳгузарони дигарро ҳам бедор намудам, вале бандаро лозим буд, ки фикру андешаҳои дар майнаам чархзанандаро сари як нуқта гирд оварам.
Марги Сафо Боқиро аслан чун ҳодисаи нохуш ҳам арёбӣ кардан имконият дошт, агар…
Ҷинояткор дар ин ҷода таҷрибаи кофӣ медошт. Рафту ҷинояткор таҷрибаи кофӣ медошт, ҳаргиз ҳайкалчаи Суқротро дар ҷойи ҳодиса намегузошт.
Марги Сафо Боқиро чун ҳодисаи нохуш арзёбӣ кардан имконият дошт, агар… Ў ба зиндагӣ ва касби пешакардаи хеш чунин дилгарм намебуд.
Ё агар...
Ташхисгари тиббӣ-судӣ ба вазифаи хеш аз паси панҷа нигариста, он захми хурдро дар байни мўйҳои марғулаи маҳрум намедид ва таваҷҷуҳи ташхисгар-криминалистро ба ашёҳои дар дохили хона буда бештар намекард.
Ҳарчанд то кунун натиҷаи ташхиси биологӣ ва дактилоскопӣ наомада бошанд ҳам, банда боварии кулл доштам, ба гумон аст, оне ки ҳайкалчаи Суқротро чун олоти ҷиноят истифода бурдааст, онро тоза карда бошад…
Ҷойи баҳс ҳам набуд, ки Сафо Боқӣ аз ошёнаи панҷуми хонаи рақами 17, кӯчаи Беҳзод сарозер ба поён омадааст.
Мусаллам буд, ки ҳодисаи мазкур дар замоне рух додааст, ки дар тамоми бино, дурусттараш дар як маҳаллаи калони шаҳр қувваи барқ хомўш шудаву ҳама дар оғӯши зулмот монда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор