Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

нафақаи на чандон калон зиндагӣ мекунанд, чунин маблағро чӣ тавр пайдо намудаанд, бевазан чунин посух гуфт:
-Он ҳама пули амонат буданд, ки хоҳарзодаи шавҳарам Зулайхо аз Маскав барои нигоҳдорӣ фиристода буд, то барояш дар шаҳр сарпаноҳе харидорӣ намоем. Азбаски бо ин миқдор пул барои Зулайхо хона харида натавонистем, мо онҳоро ҳамроҳи дигар ҳуҷҷатҳо дар ҷевон нигоҳ медоштем.
Дигар ҳама асбобу анҷоми хона дар ҷояш, - хабар дод соҳибхона.
Нишондоди бевазан ба саҳнаи содирнамудаи ҷиноят тағйироти куллиеро дохил накарда бошад ҳам, вале назарияи аввалини тафтишот - ҷиноят ба мақсади роҳзанӣ содир шудаастро мустаҳкам кард. Ҳанӯз кормандони мақомоти тафтишотӣ манзили ҷабрдидаро тарк нанамуда буданд, ки садои гиряю нола баланд шуд ва ҳамаи инро сабаб ташрифи духтари калони соҳибхона аз Бишкек буд.
Баробари аз он манзил баромадан ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ аз муфаттиш ҷудо шуда ба корхонаи нигоҳдори таксиҳо рафт ва бо чанд нафар ронандагон ҳамсуҳбат шуд, вале дар бораи мичман хабаре ба даст оварда натавонист...


Ҳарчанд аҳли оилаи ҷабрдида Зулайхоро аз марги нобаҳангоми амакаш хабар накарданд, вале субҳи рӯзи 25 октябр ин ҳодиса чун ҳама ҳодисаҳои нохуш акси садо дод ва хабари ҳодисаи ба сари Исроил Фотеҳ омада ба гӯши Зулайхо ҳам расид. Муҳоҷирдухтар худи ҳамон лаҳза ба Душанбе занг зад.
Занг заду...
Ба ӯ хабар доданд, ки худи ҳамин рӯз баъди адои намози пешин амакашро ба манзили охират гусел мекунанд ва хуб мешуд, ки Зулайхо сабру таҳаммулро пеша мекарду ҷойи кори ёфтаашро аз даст намедод, вале духтар боисрор талаб кард, ки ҷанозаи амакашро то субҳи рӯзи дигар мавқуф гузоранд, вагарна ӯ худкушӣ хоҳад кард...

пешина
аз 441
навбатӣ