Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Шахсан ман ба чунин шакл гирифтани тафтишот шубҳа дорам. Барои бартараф намудани мухолифатҳои дар рафти тафтишот ба амал омада муфаттиш бо супориши ҷудогона ба мақомоти тафтишотии Русия муроҷиат мекунад ва чун дар ин ҷо суроғаи шумо ҳаст, онҳо ба саволҳои мондаи муфаттиш посухи шуморо гирифта онро тариқи телефакс ба суроғаи мо ирсол менамоянд. Дар ин самт байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишномаи ҳамкори ба тавсиб расидааст...
-Набошад бо иҷозаи шумо!-аз ҷой бархеста ба таври низомӣ арз намуд мичман Карими Кабир.
-Роҳи сафед!
Пас аз рафтани Карими Кабир ва Зулайхои Валӣ ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ҳуҷҷатҳои болои миз бударо ба сейф гузошта аз ҷой бархест ва чун пой ба остонаи дар гузошт, телефон занг зад. Ӯ дилу бедилон пас гашта гӯшакро бардошт ва баробари шунидани овози нафари аз дигар тарафи сим омада истода, ҷисми хешро дубора ба курсӣ гирифт ва ба саволҳои мусоҳибаш бо суханони кӯтоҳи “ҳа,” “не” ҷавоб дод ва пас аз як-ду дақиқа гӯшакро ба ҷояш гузошта аз дар баромад...
Занги лаҳзае аз он пеш ба вуқуъпайваста занги одӣ набуд ва баъди қариб се шабонарӯз “Весовшик” аз худ дарак дода ӯро ба вохӯрии таъҷилӣ даъват кард. Вақте ки дар ШКД ноҳияи Сарчашма ба амалиёти “Мушқапак” даст зада буданд, занги “Весовшик” айни муддао буд ва он чун садои мусиқии форам дар гӯши ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ садо доду садо. Соате пас ӯ ба ҷой вохурӣ омад ва аз дур Рураро дид...
-Ормон Файз!
-Ман.
-Бароед!
-Санҷиш тамом шуд?
-Не, акнун сар мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор