Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ман андешаҳои Зулайхоро дар ин бора аз забони худаш шунидан мехоҳам. Ин барои ман хеле муҳим аст.
Ҳамин каломи аз забони ҷавонмард бурун омада чун мусиқии фораме “ин барои ман хеле муҳим аст,” “хеле муҳим аст,” “муҳим аст,”- такрор ба такрор садо дод...
-Карим, ман заррае аз шумо гумонбар набудам ва гумонбар ҳам нестам. Ҳатто боре ҳам чунин андешаи ботилро дар майнаам роҳ надодам, нигоҳашро аз фарш набардошта гуфт ҷавонзан.
-Ташаккур.
-Шартномаи шумо бо Хуморов чӣ шуд?- нохост ба тарафи Зулайхо нигариста пурсид Сорбони Ҳомид.
-Мо бояд соати 12 дар қаҳвахонаи “Сарез” вомехӯрдем, вале ман ба вохӯрӣ рафта натавонистам.
-Агар хато накунам, шумо ба милиса омада ӯро ба гӯшаи фаромушӣ додед, нимҷиддию нимшухӣ пурсид нафаре, ки Карими Кабирро бовар кунонид, ки аввалин шуда ба бегуноҳии эшон Зулайхо кафолат додааст.
-Айнан чунин шуд,-бо нимтабассуми малеҳе суханони капитани милисаро тасдиқ намуд Зулайхо.
-Аз нафаре, ки акнун ба дасттгирии дигарон ниёз дорад, ёриеро интизор шудан хаттои маҳз аст.
-Шуморо нафаҳмидам?
-Ягон рӯз ҳамаашро мефаҳмед,-гуфт Сорбони Ҳомид ва ҳамон лаҳза ба ёд овард, ки аз доираи ваколатҳояш каме баромад, чунки амалиёти дар асоси хабарҳои “Весовшик” ба нақша гирифташуда, ки симои Хуморов ҳам рӯйи саҳна баромада буд ҳанӯз дар зинаи коркард қарор дошт, вале дигар ҳама гуна шарҳу эзоҳ танҳо таваҷҷуҳи шунавандаро зиёдтар мекард, ки кам не ва дигар баҳсро дароз накарда гуфт:
-Ба шумо парвози хӯш таманно дорам.
-Рафту агар баъди ба Владивосток рафтан ман лозим шуда монам-чӣ? изҳори нигаронӣ намуд Карими Кабир.
-Гумон мекунам, ҳамин нишондодатон басанда аст ва аз нигоҳи қонун онро наметавон бо нишондоди дигар иштирокчиён дар муқоиса гузошт ва заруряти пурсиши шумо танҳо дар ҳолате рух доданаш мумкин аст, ки агар нафаре пайдо шаваду даст доштани шуморо дар ҳодисаи мазкур собит намудан хоҳад.

пешина
аз 441
навбатӣ