Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Чун ҳарду болои кӯпруки ҳавоӣ баромаданд, лаҳзае ҳам бошад, тавоқуф намуда нигоҳашонро ба самти қатораҳои дар поён истода дӯхтанд ва капитани милиса дид, ки ҷавонзан ҳамчун роҳбалад ба марди низомипӯш чизеро фаҳмонида истодааст. Онҳое. ки аз самти муқобили ин сайрхат меомаданд, ҳатто баъди аз паҳлуи Зулайхо ва ҳамроҳи низомипӯшаш гузаштан боз лаҳзае ҳаракати хешро қатъ намуда, дубора ба он ҷуфти зебо, ки саргарми суҳбат буданд, назар меафканданд...
Таваҷҷуҳи мардуми роҳгузарро дида ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ аз кунҷи муқобил ба нафарони дар зери нигоҳаш қарордошта назар афканда аз дил гузаронд, ки агар онҳо зану шавҳар мешуданд, чӣ ҷуфти зебое буданд. Суҳбати гарми ҷавонзанро бо марди низомипӯш дида, Сорбони Ҳомид ба хулосае омад, ки Зулайхои Валӣ дар ҳақиқат шефтаи нафаре гардидааст, ки милиса ӯро дар қатли амакаш домангир аст.
Ана ҳамин аст бузургии муҳаббат, ки ба сари ҳаводоронаш чунин ҷазову сазоро раво мебинад, вагарна чӣ тавр метавон бо қотили амакат дил диҳӣ.
Онҳое, ки аз оламу одам бехабар буданд, саргарми суҳбат пули ҳавоиро убур намуда, аз паҳлуи вокзали Роҳи Оҳан ҳам гузаштанд, вале майли ба ягон намуди нақлиёт нишастан накарда роҳашонро давом доданд ва капитани милиса Сорбони Ҳомид, ки худ сарвари амалиёти “Мушқапак” дар ин дарвозаи шаҳр таъин шуда буд, ба ҷой дар амалиёти ба нақша гирифта иштирок намудан, аз пай ин ду “дилдода” овора, ҳарчанд масъулияти касбиаш тақозо мекард, ки ба умеди “шиши нася шуда, аз дунбаи нақд намонад”...
Ниҳоят дар пушти муҷассамаи Айнӣ Зулайхо ва нафари ҳамроҳаш боз ба тарафи чап тоб хӯрда, аз пеши меҳмонхонаи “Душанбе” гузашта, ба самти қаҳвахонаи “Сарез” ҳаракат намуданд. Дар чорроҳаи пеши қаҳвахона ба тарафи чап ва баъди сад саду панҷоҳ метр бори дигар самти чап тоб хурданд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор