Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Кадом Худоношинос ба ин кор даст задааст?
-Намедонам, вале милиса бар он назар аст, охирин нафаре, ки пеш аз маргаш ӯро дидаст, ин шумоед.
-Маро дар ин бора касе напурсидааст.
-Чунки шуморо наёфтанд ва акнун шуморо ҳам мепурсанд.
-Милиса аз ягон кас гумонбар аст?
-Инашро ман намедонам, вале милиса шуморо кофта гаштааст.
-Ман нафаҳмидам, вагарна худам ба он ҷо мерафтам.
-Ҳоло ҳам дер нашудааст, - талх карда гуфт мусоҳиби мичман.
-Ман меравам, вале хоҳиш мекунам гирифтани ин меваҳоро рад накунед.
-Не, ман аз дасти қотили падарам ягон чизро гирифта наметавонам.
-Шумо аз ман гумонбаред?
-Мо танҳо не, милиса ҳам...
Зулайхо, ки аз лаҳзаи аввал ғайриихтиёр ҳамаи гуфтугӯи духтари амакашро бо меҳмони ҳанӯз пушти дар рост истода шунид, аз хона берун омада гуфт:
-Бунавша, ман даҳ маротиба ба ту гуфтам, ки Карим гуноҳе надорад, вале ту бошӣ...
Зулайхо боз чанд қадаме ба тарафи нафарони сари баҳс қарор дошта гузошта, халтаро аз дасти меҳмон гирифта, ба дасти Бунавша дода, ӯро хайрамақдам гуфт ва барои густохии духтари амакаш узр пурсида, вайро ба хона таклиф кард.
-Ташаккур, вале маро ба милиса рафтанам лозим.
Зулайхо, ки аллакай барои вохӯрӣ бо “мири шаҳр” омода шуда буд, ҳамроҳи меҳмони ба суроғаш омада аз хона баромад.
Сорбони Ҳомид маллоҳ ва Зулайхоро якҷоя дида, бо азобе худро паҳлуи деворе гирифт. Ӯ ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки мичман ва Зулайхо нияти ба куҷо рафтан доранд, вале аз он ки онҳо пиёда қадам мезаданд, ба хулосае омад, ки дур намераванд. Зулайхо бо нафаре ки милиса ӯро дар қатли амакаш гумонбар буд, чунон саргарми суҳбат буд, ки ҳатто ба атрофиён эътиборе намедод ва ин рафтори онҳо вазъи назоратчиро хеле беҳтар намуд.

пешина
аз 441
навбатӣ