Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-То бад нагӯӣ, нек пеш наояд ва хеле дуруст андешаҳоятро баён намудӣ, ки мо бо таваккал зиндаем, ки маънии аслии он эътибор надодан ба каломи “ё” “ё” мебошад. Дар асл ҳар кор шуданаш мумкин, вале набояд ҳай-ҳайи чӯпон боиси андешаи гург гардад. Ба замми ин, амалиёт бо тамоми нозукиҳояш ба нақша гирифта шудааст. Рафту ҳодисае ҳам рух диҳад ва аз рӯйи ақли солим чунинашро ҳам инкор карда намешавад, шумо бояд номи маро фаромуш намоед.
-Мефаҳмам.
-Ман шуморо тарсонданӣ нестам, вале мехоҳам оқибати корро ба шумо гӯшрас намоям, чунки баробари номи маро ба забон гирифтан шумо худро ба қатл маҳкум мекунед ва онҳое, ки бо синдикат сару кор доранд, баҳри бехатарии хеш маро ҳам аз қафои шумо ба он дунё мефиристанд.
-Ман ҳамеша фикр мекардам, ки сардори синдикат шумоед ва агар чунин набошад, пас чаро шуморо “мири шаҳр” мегӯянд.
-Фикрҳои ботилро аз сар дур кунед! Ин ҳамааш аз назарфиребие беш нест ва банда дар ин аҳром аз даҳбошие беш нестам ва аз болои даҳбошӣ боз қурбошию даҳҳо бошибошиҳои дигар аст ва роҳбари асосии синдикат кист, ман худам ҳам намедонам, вале гумон мекунам дасти ӯ хеле дароз аст ва мо ҳам бозичаи дасти ӯ,- оҳ кашида гуфт Григорий Хуррамович.
-Чаро маҳз шуморо?
-Чунки ман ҳам мисли шумо дар “осоишгоҳ” будам ва шахси дар “осоишгоҳ” истироҳат намуда ҳаргиз ба нафаре, ки “тавофи осоишгоҳ” насибаш нашудааст, итоат намекунад.
Бояд эътироф намуд. ки кулли шахсоне, ки дар синдикат кору фаъолият намуда истодаанд, тақдири ману шуморо доранд, ин як. Дуюм, онҳое, ки аз ҷиҳати молиявӣ синдикатро дастгирӣ намуда, ба қавле онро ба зери тасарруфи хеш даровардаанд, худ дар байни ашхосе, ки дар “осоишгоҳ” буданд, мақому манзалате надоранд ва чун кулли аъзои синдикат мардумони ҳаммарому ҳаммаслаки мост, роҳбарро низ аз байни ҳамин ашхос интихоб мекунанд. Мисли оне, ки дар хориҷа директори корхонаҳои саноатиро соҳиби корхона худаш таъин мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор