Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Дуруст, вале пеш аз оне ки мо сари масъалаи дуюм баргардем, маҷбур шудам масъалаи авваларо низ, ки боиси норозигии роҳбарияти синдикат шудааст, ба ёд биёрам.
-Боз касеро ҷустанамон лозим?
-Дар ин ҷо масъала бархилофи ҳама андешарониҳои худат аст.
-Яъне касеро ҷустан лозим нест ?
-Нест.
-Пас ин ҳама озурдахотирию изтироби шуморо сабаб чист?
-Нафаре гуфтаст, ки Худованд маро аз дӯстонам наҷот деҳ, илоҷи душманонамро худам меёбам ва банда низ айнан дар чунин ҳолат қарор дорам.
-Яъне, ин ҳама озурдахотирии шуморо сабаб он аст, ки бо гуноҳи мо он ҳазор доллар сӯхт.
-Ман аллакай гуфтам, ки бало ба паси он ҳазор доллар, вале синдикат ба гумон аст дубора шикасти моро дар самтҳои дигар намуди фаъолиятамон бубахшад ва ман акнун андеша дорам, ки оё месазад дубора супориши синдикатро ба души шумо ландаҳурҳо гузорам.
-Ман ҳаргиз он некиҳои шуморо фаромуш намекунам ва кӯшиш мекунам ҳама супоришатонро иҷро намоям.
-Боз нашаваду...
-Намешавад.
-Андеша намоед!
-Шеф, мо бо таваккал зиндаем, пас чӣ ҷойи андеша?
- Пас агар чунин аст, гӯш кун,-гуфт нафари дар сари чанбарак буда ва мақсаду мароми хешро баҳри нафаре, ки бистарри хобро тарк карда, ба дидорбиниаш омада буд, дар шоҳидии нури чароғҳои дар симчӯбҳои кӯча овезон, ки қисмате аз он дохили мошини лангарпартофтаро низ каму беш рушан мекаранд, арзонӣ дошт...
-Худатон медонед, ки ман аллакай як маротиба... - баъди хомӯшие овоз рӯшан намуда гуфт нафаре, ки ба дидорбинии ронанда омада буд.
-Медонам ва маҳз барои ҳамин...
-Рафту маро дастгир намоянд-чӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо