Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Маҳз ҳамин ҳолат боиси нигаронии гардида буд, чунки аз нигоҳи вай аҷаб набуд, ки Ормон Файз дар танҳоӣ нишаста, сари ин масъала ба андеша наравад ва дар шикасти кори хеш аз ҳамин милисаи дурӯя домонгир нашавад. Агар чунин ҳолат рух диҳад, каппаи ҳамаамон сӯхт аз дил гузаронд собиқ судя. Худо накарда Ормон Файз, дар нисбати ин подполковники гӯрсӯхта, ки ба хотири пул шуда, виҷдону имонашро ҳам пеши по задааст, лаб ба сухан накушояд ва агар чунин ҳолат рух диҳад аз Сафаров то ба ман як қадам роҳ. Гирдоби андешаҳо “мири шаҳрро” аз як соҳил ба соҳили дигар мепартофт ва ӯ ба хулосае омад, ки агар синдикат пойдор монад, албатта, эҳтиёҷ ба доштани одами худӣ дар милиса боқӣ мемонад ва нафареро дар пояи Қамариддин Сафаров ёфтан корест ниҳоят душвор ва ҳатто миёншикан, вале дар айни вақт, ки ҳамаи риштаҳои дар алоқа қарор дошта то ба ҳамин милиса мебарад ва шикасти эшон ногузир аст, ба умеди ҳамин як кайк шуда, пӯстинро оташ задан маъние надорад.
“Мири шаҳр” ҳамчун нафари дар аҳроми болои синдикат буда нисбат ба ҳамаи аъзои он таваҷҷуҳ дошт. Хусусан ин таваҷҷуҳ дар нисбати “тузҳо” хеле назаррас буд ва то мӯе аз сари “тузе” наафтад, худ сари як мӯйӣ ларзон буд. ва чунин ҳолатро дар нисбати ин “марди фидоӣ,” пеш аз ҳама, прокурори ноҳия дарк намуд, чунки эшон ҳам фаҳмид, ки синдикат дасту пойи ӯ ва бародараш Маҳмадқулро низ бе банд барбаста ва бо дермонӣ ҳам бошад, андешаи обро дар хушкӣ намуда, Григорий Хуррамовичро дастгирӣ намуд.
Ҳамзамон аз байн бардоштани подполковники милиса, ки қотили мудири анборӣ синдикат мегашт, ба паст шудани обурӯй ва нуфуси милиса асос мегузошт ва ВАО бо тарзу усули хеш мардумро аз рафти ҳодисаҳо огоҳ мекарданд ва худи милисаро дар алоқа бо синдикат гунаҳкор менамуданд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо