Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Чӣ хел далелҳо?
-Модоме ки ӯ хокро ба сари мо бод карданист, пас дар нисбати ҳамаи онҳое. ки ба таври ростхата ва ё ғайримустақим боре ҳам бо вай сару кор намудаанд, албатта, компромат гирд овардагист ва агар ӯро чунин мавод дар даст намебуд, ҳаргиз дар нисбати мо чунин таҳдидро раво намедид. Мегӯянд битарс аз оне, ки ӯ натарсад аз Худо. Шуморо-ку намедонам, вале ман аз ӯ метарсам, агар як худам бошам, сарам фидояш, вале чун ӯ алангаи оташро фурӯзон намояд, дигар на тар монаду на хушк...
-Гумон доред, ки вай дар нисбати банда низ далел дорад?
-Намедонам, вале аз он ки ӯ борҳо бо шумо ва акаи Маҳмадқул вохӯрда буд, ин тарафи корро ҳам инкор кардан нашояд. Хуморов хост гӯяд, ки дар бораи порагириҳои ҷанобашон як кассетаи мукаммал дар дасти ман аст ва ҳамаи ин амалро Ормон Файз бо супориши банда сабт намуда буд, вале дар лаҳзаи охир аз кушодани ин асрор худдорӣ кард.
-Ба фикри шумо, Григорий Хуррамович, ин корро чӣ хел бояд амали намоем?
Ва ҳолатҳои ба нақшагирифтаашро дар амалиёти мазкур ба мусоҳибаш, ки акнун мошинро дар як гӯшаи роҳи автомобилгард манъ намудаву гӯшу ҳуш ба ӯ дода буд, арзонӣ дошт.
-Яъне, амалиёт ягон ҳаракати фаъолонаи бандаро талаб намекунад.
-Намекунад.
-Рафту он мерганро дастгир кунанд-чӣ?
-Дастгир намекунанд, милиса ӯро низ аз қафои сайдаш ба ҷаҳаннам мефиристад.
-И никакого риска?
-Риск есть, но не велик.
-Чӣ илоҷ, модоме роҳи дигар набошад ман розӣ.
Ҳабси мудири анбор Ормон Файз барои синдикат як
зарбаи ногаҳонӣ буд. “Мири шаҳр” ба ҷуз зарбаи иқтисодӣ,
ҳодисаи аз ин бадтареро низ интизор буд. Барои чунин андешарониҳо Григорий Хуррамович асос ҳам дошт ва ҳамаи инро сабаб он буд, ки мудири анбор он корманди дурӯяи милисаро чашми дидан надошт, ҳарчанд дар асоси хабарҳои дуюмӣ то ба ин давра чандин амалиётҳои милиса шикаст хурда буд, вале новобаста аз ҳама заҳматҳои милиса ситорааш бо мудири анбор рост наомад, ки наомад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо