Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Албатта, дар чунин ҳолат ҳам озмоишгоҳо ба хизмати сагҳои бӯйгири таълимдодашуда ниёз доранд, вале...
Ин ҳама барои ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД ноҳияи Сарчашма аз орзуе беш набуд.
Сорбони Ҳомид бо ҳампешаҳои хеш, ки нигоҳбонии хонаи Исроил Фотеҳро ба зимма доштанд, худоҳофизӣ намуда, ба тарафи хонаи шафат, ки аз дарвозааш марде берун омад, ҳаракат кард...


Чун мошин ба роҳ баромад, мичман базӯр сарашро тоб дода, нишастагони дохили онро аз назар гузаронд. Ба ҷуз се нафари дар курсии пеш нишаста чор нафар дар курсии пушт ва ду нафар дар қафо дар муқобили ҳамдигар менишастанд.
Маллоҳ ҳарчанд зеҳн монд, касеро нашинохт. Аз тангии ҷой борхалтаашро болои пояш гирифта буд. Аз тарзи нишасти дигарон ҳам маълум буд, ки сӯзан партоӣ ба замин намерасад.
То аз шаҳр баромадан дар ду ҷо кормандони БДА мошинро боздоштанд. Ронанда мисли оне, ки талабаи духонро ба назди тахтаи синф даъват мекунанд, дилу бедилон ҳуҷҷатҳояшро гирифта, ба назди онҳо мешитофт. Маълум буд, ки нозирони роҳ ба ҳуҷҷатҳои ронанда ва нисбат ба оне, ки дар мошин аз меъёр зиёд мусофирон нишастаанд, он қадар таваҷҷуҳ ҳам надоранд. Эҳтимол онҳо чунин ронандагоне, ки аз меъёр зиёд мусофирон ва бори онҳоро дар мошини сабукрав (УАЗ -469) чун мошини боркаш ҷо ба ҷо намуда буданд, ҳатто аҳсант мегуфтанд, чунки маҳз чунин ронандагон боиси ободии рӯзгор ва фаровонии дастурхони онҳо мешуд.
Баъди каме баҳс ронанда чун бародар дасти ҳомиёни қонунро “фишурда,” боз омада сари чанбарак менишаст.
Чунин дастфишориҳо бо нозирони дар дидбонгоҳо ва берун аз дидбонгоҳо дар хизматбуда то ба Гулзор қариб бист маротиба такрор шуд.
Дар мошин нишастагон аз он хурсанд буданд, ки дар нисбати се-чор соли пеш дидбонгоҳо хеле кам шуданд.

пешина
аз 441
навбатӣ