Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баробари чашми рӯз кафидан Сорбони Ҳомид аз ҷой бархест ва гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯи дишабаро, ки ба ҷой ҳодиса рафта буданд, барои машварат ба наздаш даъват намуд. Баъди мулоҳизарониҳои на чандон тӯлонӣ ҳама аз пайи кор шуданд Сорбони Ҳомид худаш ба кӯчаи Костюшко рафт.
Милитсионероне, ки назорати ҳавлиро ба душ доштанд, ӯро дида, ба таври низомӣ хабар доданд, ки дар давоми шаб ягон тағйиротеро мушоҳида накардаанд.
Чун яроқе, ки тариқи он Исроил Фотеҳ ба қатл расонида шуда буд, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ёфт нашуд, дар ёфтани нӯги гиреҳи ин муаммо мушкилоти бештареро ба бор овард. Аз ҷойи ҳодиса якчанд изи пой ва ангуштон ёфт шуда буд ва онҳоро ташхисгар криминалист дар гач (слепка) ва дар дактилокарта гирифта буд, вале то кадом андоза онҳо равшану возеҳ баромаданд ва оё нусхаи изи ангуштони аз ҷой ҳодиса гирифташуда дар бойгонии милиса ҳастанд ё не, касе намедонист.
Тайи як соли охир Сорбони Ҳомид тариқи “Оинаи нилгун” филми бадеии “Комиссар Рекс” истеҳсоли Австрияро тамошо кард. Ҳарчанд ҳаракатҳои рӯй саҳнаи филм омада бештар тахайюлӣ буданд, вале таҷрибаи корҳои ҷустуҷӯӣ дар мақомоти пулис аз нигоҳи илмӣ ба роҳ монда шуда буд ва маҳз ҳамин ҳолат дар милиса нигоҳ доштани сагҳои бӯйгирро тақозо мекард. Капитани милиса Сорбони Ҳомид афсӯс бар он хӯрд, ки онҳо боре ҳам аз чунин таҷрибаи пешқадам (истифодаи сагҳои бӯйгир) истифода набурдаанд.
Моҳе пеш барномаи ОРТ намоишеро пахш намуд, ки тайи чанд соли охир дар чор минтақаи Русия озмоишгоҳои махсуси таҷҳизонидашуда оид ба гирифтан ва нигоҳ доштани бӯй дар давоми ду сол хабар дод. Ба саволи шореҳи барнома мутахассиси соҳаи мазкур чунин посух гуфт:
-Дар чунин мавридҳо аз ҷой ҳодиса пораи матоъ ё амсоли он чизи ёфташуда гирифта шуда, бо нишон додани сана ва ҷойи гирифтани он дар зарфҳои шишагин давоми ду сол дар озмоишгоҳо нигоҳ дошта мешавад.

пешина
аз 441
навбатӣ