Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин асно маллоҳ ҳам ба назди онҳо расида салом дода пурсид :
-Ба Гулзор аз куҷо савор шудан мумкин?
-Эй Фахриддин, ана боз як мусофир худ ба суроғат омад,

  • гуфт нафаре аз гирдомадагони гурӯҳи аввал ва маллоҳро ба тарафи мошини сабукраве, ки аз рӯйи анҷоми дар болои бордон будааш аз мошини борбар монданӣ надошт, фиристод.
    -Ба назди кадомаш ?
    -Ҳо, ана ронандааш ҳам ба истиқболи худат омада истодааст.
    -О бародар, ана ба ин ҷо биё.
    Маллоҳ сумка дар даст ба тарафи пешвозгиранда рафт.
    -Марҳамат гузашта шин. То Гулзор нарх 45 сомонӣ.
    -Майлаш,-гуфт маллоҳ ва хост ба мошин нишинад, вале он ҷо ҷойи нишастро надида пурсид :
    -Ба куҷо нишинам?
    -Ана, командир, дар паҳлуи худам,- гуфт ронанда.
    -О ин ҷо аллакай як нафар нишастааст,- чун нишони эътироз ронандаро огоҳ намуд маллоҳ.
    -Ба фикрам, командир аз Марс омадааст,-киноя зад, кадоме аз нишастагони дохили мошин.
    -Монед, ин гапҳоро,-гуфт марди дар паҳлуи ронанда нишаста ва суханашро тақвият дод:
    -Додар, агар рафтанӣ бошед, шинед! Мо як соат боз омадани нафареро интизор будем. Хайрият ҳамон нафар шумо будед. Хуб, ки бо худ боз ду-се линча борро наовардед...
    -Охир...
    -Шинед, баъд ҳамаашро мефаҳмед. Рӯзи сеюм аст, ки мо ҳам дар роҳем. Кӯҳистон додар. Биё шин! Биё, ки аз инаш ҳам намонӣ, - гуфт он мусофири дар курсии аввал нишаста ва худ ба тарафи ронанда лағжида, барои нишасти ӯ каме ҳам бошад,ҷойро холӣ кард.
    Карими Кабир дилу бедилон паҳлуи нотиқ нишаст.
    Ронанда дарро баста (чунки аз тангии ҷо аз дохил онро бастан имкон набуд), аз пеши мошин тоб хӯрда, сари чанбарак нишаст...
пешина
аз 441
навбатӣ