Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Чӣ хел кам? То ҳанӯз мошин суръат нагирифтааст, ки онро боз медоранд, - эътироз кард мичман.
-Гуфтам-ку, ин акаам аз Марс омадааст, - посух дод касе аз нишастгоҳи охир ва ҳамаро ханда гирифт
-Додар, худат дар ин солҳои наздик аз ин роҳ нагузаштаӣ?
– пурсид марди дар паҳлуяш буда, ки аз рӯйи синну сол аз ҳамаи дар мошин нишастагон калонтар буда, ба хотири ӯ шуда, ҷой хешро танг карда буд.
-Ҳамин хел, амак, ҳашт сол боз дар Ватан набудам,-оҳ кашида гуфт ҷавони дар либоси низомии сиёҳ буда.
Ҳамсуҳбаташ хост чизе гӯяд, вале ронанда яку якбора пой ба тормоз бурда, мошинро нигоҳ дошта, ҳуҷҷатҳояшро гирифта, ба “зиёрати” нозири навбатӣ, ки чун балои ногаҳонӣ аз паси дарахтон рӯй роҳ баромада буд, рафт...


УАЗ-469 соатҳои бисту ду ба Гулзор расид. Деҳа дар оғӯши зулмот буд.
-Барқ нест, - пурсид ӯ аз ронанда.
-Барқ аз куҷо, вале ба ҳамааш худамон гунаҳкорем.
Ношукрӣ кардем. Демократия гуфта, озодии бештаре хостем. Майдонҳо ташкил намудем. “Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез”-ро қариб ба суруди миллӣ табдил додем, ба урфу одати аҷнабиён саҷда овардем ва ана оқибаташ. Хайрият ақли солим боло гирифту сулҳу салоҳ шуд, вагарна баъзе аҷнабипарастони ҳамзабонамон бо мо тариқи тарҷумон гуфтугӯ мекарданд, - гуфт ронанда.

  • Ман ҳамин ҷо мефароям.
    Фахриддини ронанда, ки акнун каму беш аз саргузашти ҳузновари Карим бохабар буд, ӯро ба хонааш ба деҳаи ҳамсоя даъват кард, вале мичман узри бисёре пеш оварда, таклифи эшонро рад намуда, бо ӯ ҳисобӣ кард ва борхалтаашро гирифта, ба тарафи хонаи бобояш,-ба сӯӣ он манзиле, ки хуни нофаш рехта буд, раҳсипор шуд...
    Дар чанд ҷой самти ҳаракати хеш аз паҳлуи рӯди хушкида ва беоби дараи Бӯстонак овози бошу баши ҳамдиёронро шунид ва шуълаи хурди чароғро дид ва нақли бобояшро дар бораи азобу уқубати хирманкӯбӣ пеши назар овард.
пешина
аз 441
навбатӣ