Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғуборе, ки оғозаш аз анҷомаш фарқи куллӣ дорад ва онро чӣ анҷомест, кас надонад...
Занги телефон садо доду ман гӯшакро бардоштам.
-Ба назди Спартак дароед,-хабар дод навбатдор ва ҳатто каломе аз забон банда нашунида алоқаро қатъ намуд.
-Ана ёбу гир,-зери лаб гуфтам ман.
“-Шояд ҳаминаш беҳтар шуд, ки туро аз варта берун оварданд,”- нидо омад аз замирам.
-Намедонам, намедонам,- гӯён ман хомаро болои лисон гузошта бархестам...
Баъди як ё ду дақиқа ман вориди дафтари кории муовини сардори ШКД Сафар Раҷабов ё худ Спартак шудам.
-Марҳамат гузашта шинед, - курсиеро нишон дода гуфт Раҷабов ва ман низ дилу бедилон ба он курсӣ амонат нишастам.
-Хуш, чӣ хабарҳои нав?- пурсид муовини сардор.
-Ба ҷуз ҳамон хабарҳои дирӯза...
-Ин хеле бад аст, мефаҳмед?
-Албатта.
-Ба андешаи шумо қасд ба ҷони кӣ равона шуда будааст?
-Ҳоло ҳам чизе гуфта наметавонам.
-Оё дар масофаи панҷоҳ метр дар моҳтобшаб симои шахсро шинохтан мумкин аст?
-Ҳамааш ба он вобаста аст, ки шахсро дар куҷо мебинед.
-Дуруст. Охир, дар даҳлези хонаи Асо интизор шудани Мӯсо дар соати чори субҳ хандаовар менамояд.
-Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, қотил қасд ба ҷони Қиёми Абдулхайр намуда будааст.
-Гумон мекунам, ки ҳамин хел аст.
-Аз ин бармеояд, ки қасд ба ҷони тоҷир характери фармоишӣ дорад?
-То замоне, ки як яроқ дар дасти мардум боқӣ мемонад, мо ором шуда наметавонем. Модоме ки Калашник замоне бозичаи дасти ҳар як худонотарс шуда буд, гуфтан душвор аст, ки қотил худи соҳиби бозича аст ва ё вай дигареро киро намудааст, то чунин як амали номатлуберо ба сомон расонад.
-Андешаҳои банда дар ин самт каме дигархелтаранд.
-Шуниданашон мумкин?

пешина
аз 429
навбатӣ