Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Чаро не?
-Хуш бошад.
-Рафту агар қасд ба ҷони тоҷир равона мешуд ва боз он характери фармоишӣ медошт, қотилро лозим буд, ки ҳар як қадами тоҷирро ба зери назорат гирад. Охир қасд ба ҷони инсон ин шикори боз ё мусича нест.
-Баҳс намекунам.
-Ба андешаи банда (хоҳиш мекунам ба дил ҳамаи инро наздик қабул накунед) дар ҳодисаи мазкур айб дар мош аст на дар ош.
-Рӯшантар карда андешаҳоятонро баён намоед.
-Мегӯянд, ки дуздию ғарӣ дар паси саргини хар, ҳамин хел?
-Ҳамин хел?
-Модоме ки чунин аст, пас моро лозим аст, ки ҳолнома ва рӯзгори мақлутро каме ҳам бошад, варақ занем.
-Марҳамат, магар касе дар ин амал садди роҳи шумо шуд?
-Не, не.
-Аз рӯи кадом андешаҳо шумо ба чунин амал даст задан мехоҳед?
-Гузашта баҳри оянда кӯпрук аст, ё гапам нодуруст?
-Шумо аввал гапатонро гӯед!
-Ҳикоётеро аз рӯзгори ҳазрати Мӯсо (а), шайхи як умр дар ибодат буда ва дузд ба ёд биёред.
-Ҳамонеро ки ҳазрати Мӯсо (а) ва ёронаш ба ҷанозаи шайх нарафта, ба ҷанозаи дузд рафтаанд?
-Бале.
-Агар рафиқ капитан, дуруст фаҳмида бошам, рӯзгори муаллими донишгоҳ аз нигоҳи шумо чандон ибратомӯз нест.
-Ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале худи ҳодисаи рухдода тақозо мекунад, ки мо ҳамин ҳолатро мадди назар накунем.
-Ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чӣ тавр нафаре, ки қасд ба ҷони Мирзои Абдураззоқ намудааст, ӯро дар манзили худаш не, балки дар манзили Қиёми Абулхайр интизор шудааст?
-Чунки маҳз ҳамон шахс медонистааст, ки устоди донишгоҳ бо ҳамсари тоҷир дар муносибати маҳрамона қарор дорад ва на танҳо ин...
-Боз чӣ?

пешина
аз 429
навбатӣ