Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Охир дар ҳама давру замон “дузд дуздро дар шаби тор ҳам мешиносад” ва чун Матлубаи Гурез дар ин замона дӯстдорони хушиҳои яклаҳзаина кам нестанд. Андешаҳо дар атрофи зиндагиномаи мақтул назарияеро ба вуҷуд овард, ки ба ҷуз Қиёми Абулхайр дигар кас ҳам метавонист қасд ба ҷони ин Дон Жуан намуда бошад, агар худи ҳамин қасд ба ҷони тоҷир равона нашуда бошад.
Албатта, маълумотҳои то кунун дар даст доштаи мо дар атрофи тоҷир ва дотсенти донишгоҳ барои хулосабарорӣ чандон кофӣ набуданд, вале худи ҳодисаи содиршуда сарманшаи андешаҳо буд.
Аз рӯи хулосаи ташхисгари тиббӣ Мирзои Абдураззоқ соати 4 дақиқаи субҳи 01 ноябр ҳангоми бархӯрдани тир ба қафаси чапи синнааш ба ҳалокат расида буд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса дар масофаи 53 метр дуртар гилзаи холии 7,63 мм ёфт шуд. Чун баъди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ автомат бозичаи дасти ҳар кӯру кал гашта буд ва то кунун аҳён-аҳён ҳам бошад, онро аз дасти қишрҳои гуногуни ҷомеа меёфтанд, ба хулосаи аниқ омадан, ки аз автомат қотили зархарид (киллер) истифода бурдааст, душвор буд...
“Рафту агар қотил зархарид мебуд ва қасди ҷони тоҷирро дошт, бояд аз ба Бишкек рафтани вай огоҳӣ медошт,”- хомаро болои лисон бурда навиштам ман...
Рафту агар...
-Агар чӣ?
-Агар қотил зархарид мебуд,-ба суоли дар ниҳодам пайдошуда дилу бедилон посух гуфтам ман.
Маҳз ҳамин як суол чун гирдбоди дирӯза болои монитори хотирамро дар зери чангу ғубор монд...
Он чунон ғуборе, ки дигар як қадам пештарро дида наметавонам...
Дон Жуан – Қаҳрамони афсонавии асрҳои миёна дар Испания, ки ҳамеша дар талоши тасхир намудани дили хонумҳои ашрофзода буд.

пешина
аз 429
навбатӣ