Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале ҳамоно фаҳмид ки мусоҳибаш на аз он мардони лаққиест, ки риштаи суханро ба касе надиҳад. Дар ин муддат ҳомии ҳуқуқ имконияти пурра пайдо кард, ки ба симои мусоҳибаш дурусттар назар намояд. Хол Баҳромов марди тахминан чилупанҷ-панҷоҳсолаи паҳлавонҷуссае буда, мӯйсари мошубиринҷ дошт. Аз чӣ бошад, ки чеҳрааш ба Абдумаҷидов шинос намуд, вале ӯ дар куҷо дидани ин мардро ба ёд оварда натавонист. Хеле баъд, тахминан як ҳафта пас, ӯ дар телевизиони тоҷик намоишномаеро бо иштироки актёрони бомаҳорат дида фаҳмид, ки он рӯз Хол Баҳромовро ба кӣ монанд карда будааст. Аслан симои Хол Баҳромов бо актёри театри тоҷик Бурхвалӣ Ғуломҳайдар, мисли як себи дукафон монанд буд. Вале ин хеле баъд буд. Ҳоло бошад, ӯ ба чеҳраи шиноси мусоҳибаш нигариста, мақсади ба милиса ташриф оварданашро ҷӯё шуд, вале мусоҳибаш ба даҳон об гирифта буд...
-Ҳар он чӣ ки Давлат дар бораи банда ҳарф задааст, ин танҳо муболиғаи бачагона ҳасту халос, чунки ӯ гуноҳе надошт ва мо маҷбур будем ки алибии ӯро санҷида бароем. Агар фарзанди дигар кас ҳам мебуд, мо маҷбур будем ҳамин ҳолатҳоро санҷида бароем ва шумо метавонед осуда бошед, нисбати фарзандатон мо заррае далели айбдоркунӣ ҳам надорем ва беҳуда худро ташвиш дода ба ин ҷо омадед.
-Ташаккур, ки шумо нисбати фарзанди ман боварӣ доред ва ҷурмеро дар ҳаракатҳои ӯ намебинед, вале ман аз ин ҳолат осуда шуда наметавонам.
-Чаро?
-Маҳз барои ҳамин ман ба ин ҷо омадам. Аслан худам ҳам омаданӣ набудам, вале як шиноси деринаам ба ман тавсия доданд, ки дар ин бора ба шумо маслиҳат намоям.
-Гӯшам ба шумо.
-Шояд пурсед, ки шахси тавсиядиҳанда кист?
-Хуш кӣ будааст он кас?
-Сабоҳат Абдуллоевна.
-Сафарзода?
-Бале.
-Ба ростӣ, ман чи гуфтанамро ҳам дигар намедонам.
-Чӣ хел?

пешина
аз 429
навбатӣ