Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Ҳарчанд Абдумаҷидов кӯшид, ки симои аз ҷайбаш не, аниқтараш аз дилаш берун ҷастаро, ки зери сояи дарахти паҳлуи роҳ ғел мезад, ба даст орад нашуд, ки нашуд ва ниҳоят ӯ симои ноаёни ҷарроҳро дар ҳамон ҷо гузошта, худ бо таъби хира ба тарафи истгоҳ ҳаракат кард...
Дар тамоми роҳ симои ҷарроҳ ӯро дунболгир буд. Маълум ки акнун он симои ноаён ба ҳолаш механдад. Мисли оне, ки ҷарроҳ дар зиндагӣ осуда набудааст, симои манфураш ҳам дар зери он дарахти паҳлуи роҳ истироҳат накарда, ваколатдори кофтукови ҷиноятиро таъқиб мекард ва Абдумаҷидов инро ба хубӣ эҳсос кард. Чун ӯ вориди бинои милиса шуд, навбатдор хабар дод, ки ба наздаш марде аз роҳи дур омадааст.
-Кӣ будааст он марди аз роҳи дур омада?
-Хол Баҳромов.
-Ҳоло он кас дар куҷост?
-Дар хонаи қабули шаҳрвандон рӯзномаҳои давриро хонда шиштааст.
-Чаро ӯ маҳз ба назди ман омадааст?
-Беҳтар буд, ки инро аз худаш мепурсидед.
Абдумаҷидов дари хонаи қабули шаҳрвандонро кушода, се мард ва ду занро дид, ки ҳар кадоме саргарми андешаҳои хеш буданд. Ӯ салом дода, худро муаррифӣ кард ва яке аз он нишастагон, ки паҳлавонҷусса буду рӯзнома мехонд, аз ҷои бархоста, ба тарафи ӯ омада даст дода худро шинос кард:
-Хол Баҳромов.
-Абдумаҷидов Акбар Ҳакимович.
-Дар бораи шумо бисёр суханони нек шунидам ва маҳз барои ҳамин ба наздатон омадам.
-Бисёр хуб, агар зид набошед, ба дафтари кории ман равем.
-Миннатпазирам, бародар ва маро воқеаи ба сари писарам омада ҳеҷ ором намегузорад. Дар танҳоӣ суҳбат намоем, беҳтар будагист.
Ҳарду ба ошёнаи дуюм баромада, вориди дафтари кори ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ шуданд. Соҳиби утоқ курсиеро ба ҳамроҳаш нишон дода, сипас худаш ҳам гузашта, дар рӯ ба рӯи Баҳромов нишаста, гӯш ба қимор шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор