Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Модоме, ки Наврӯз Умаров нест, басанда ҳаст, ки ҳар кас ба кори хеш ҷавоб диҳад, вале дар маҷмуъ ҷамъбасти ҳама кори мо ба души шумо меафтад.
-Ин корро ман ин хел намемонам, ана мебинед! - ниҳоят ба маҷлиси аввалин хотима гузошта гуфт Масрури Мӯсо...
Ҳайати шахсӣ баъди якуним соат аз нав вориди маҷлисгоҳ шуданд ва расо се соат оид ба бурду бохтҳои чоряки якум ба роҳбарияти Раёсат ҳисобот доданд. Ба кӯшишҳои Масрури Мӯсо нигоҳ накарда, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдумаҷидов аз толори маҷлисгоҳ беҷазо баромад. Баръакс, дар маҷлис аз кори сусти муовини сардори ШКД оид ба корҳои оперативӣ Масрури Мӯсо ёдрас шуданд. Барои ба иштибоҳ андохтани роҳбарияти Раёсат ва Вазорати корҳои дохилӣ дар “кушодашавии” ҷинояти мағозаи ҷавоҳироти шаҳр ба Масрури Мӯсо огоҳӣ дода шуд.
-Некиро неку бадро бад расад, - луқма партофт касе аз толор, вале чун маҷлис ба охир расида буд, дигар касе на дар суроғи сухан гашту на дар суроғи сухангӯ...
Воҳид Камол кормандони бахши кофтукови ҷиноятиро ҳушдор сохт, ки соати 19:00 ҳама дар дафтари кории ӯ ҳозир шаванд.
Абдумаҷидов ҳам дар қатори дигарон берун баромад. Акнун тамоми осмонро абрҳо пӯшида буданд...
...33...
Аслан ин бори аввал ҳам набуд, ки Воҳид Камол баъди анҷоми маҷлиси кварталӣ ва ё нимсола кормандони бахши кофтукови ҷиноятиро ба ҳоли худ гузорад. Не, Воҳид Камол роҳбари бад ҳам набуд ва худнамоишдиҳиро ҳам дӯст намедошт, фақат ӯ намехост ки дар байни ҳамаи ҳайати шахсӣ бахши кофтукови ҷиноятиро ба зери тозиёнаи танқид гирад. Сардори ШКД аз бахши кофтукови ҷиноятӣ умедҳои калон дошт ва бо ҳамаи кормандони бахш, ки қувваи асосии милиса ҳисоб меёфтанд, ҳамчун дӯст дар алоҳидагӣ сухан мегуфт. Не, Воҳид Камол то кунун нисбати касе сухани носазое нагуфта буд, вале дар куҷо чӣ гуфтанашро медонист, маҳз аз ҳамин рӯ суханаш ҷонофарин ва нишонрас буд. Умуман Абдумаҷидов дар симои Воҳид Камол полковники мустаъфӣ Махсуми Амириёнро медид, ҳарчанд Воҳид Камол дар чорроҳаи зиндагӣ боре ҳам бо полковники милиса Амириён рӯ ба рӯ наомада буд, вале рафтор ва кирдори ҳарду ҳам якхела буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор