Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ман барои гирифтани ҳама гуна ҷазо тайёрам ва чунин ҷазо беҳ аз он аст, ки шахси бегуноҳеро дидаву дониста ба маҳкама кашам.
-Чӣ хел бегуноҳ? О вай муттаҳамро мо худамон ҳамроҳи ана ун маҳмадонои муфаттишат бо далелҳои шайъӣ дошта овардем ва чӣ лозим буд, худнамоишдиҳии худат, ё танҳо дили шумо ба чунин шахсон месӯзаду дили дигарон аз санг аст. Ин ҷо милиса аст ва мо ҳар чӣ ҳам набошад, бояд қадри касби хеш донем. Охир мо адвокат нестем, ки шаҳр ба шаҳру деҳа ба деҳа дарачаи бегуноҳии кадом як донишҷӯи муттаҳамро кофта гардем.
-Вазифаи мо аз пеш аз ҳама ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд аст ва мо наметавонем, ки баҳри баланд бардоштани фоизи кушодашави ҷиноятҳо алибии гумонбаршударо насанҷем.
Магар ҳаминаш беҳтар нест, ки мо беасос аз болои шаҳрванди бегуноҳ парвандаи ҷиноятӣ оғоз накардем. Охир лойи хушк дар девор намечаспад ва агар рафту ҳамон муфаттиши маҳмадонои гуфтагиатон парвандаи ҷиноӣ ҳам оғоз мекард, вай парванда ҳеҷ гоҳ то суд намерафт, чунки дар вақти пурсиши аввалин, ки ҳимоятгар иштирок мекард, ҳамаи айбҳои бофтаи мову шумо чун девори гилин фурӯ мерафт...
-Рафиқ Ҷамолов!
-Ман!
-Ба ҷои Наврӯз Умаров ҳисобот медиҳед!
-Хуб шудааст!
-Дидӣ, рафиқ Абдумаҷидов?
-Ҳа.
-Ана ҳамин хел. Чаро Ҷамолов сухани сардорро нашикаст?
-Намедонам.
-Чунки Ҷамолов нисбатан ҷавон ҳам бошад, одоби муомилотро нағз медонад.
-Баҳс намекунам, вале дар ҳама ҳолат бояд меросхӯр қарзҳои соҳиби меросро баргардонад ва аз рӯи инсоф нест, ки шахси дигаре, ба ҷои меросхӯр баргардонидани қарзҳоро ба душ гирад.
-Ба фикри шумо, меросхӯри Наврӯз Умаров кист?
-Ба ҳар ҳол на ман ва на капитан Ҷамолов.
-Чӣ мехоҳед, ки ба ҷои сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ ҳам ман дар назди роҳбарияти раёсат сурху сафед шавам?

пешина
аз 429
навбатӣ