Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Аз он чи ки ҳеҷ кас ба ҷуз худи ӯ аз ин хона калид надошт, ҷои баҳс ҳам набуд. Аслан калидҳо чор дона буданд. Се донааш дар дасти худаш ва як донааш дар дасти падараш. Дишаб, вақте, ки аз милиса ба хона омад, ҳарду калиди иловагиро, дар ҷои пинҳонкардааш ёфт. Милисаҳо бошанд, он шаб хонаро пурра кофтуков накарданд. Маълум буд, ки онҳо хабари аниқ доштанд, ки чизҳои аз мағоза рабудашуда дар куҷоянд. Пас маълум мешавад, шахсе, ки ба милиса телефон намудааст, дар куҷо будани ашёҳои ба яғмобурдашударо медонистааст. Пас ӯ кист?
“Пас ӯ кист?”-боз зери лаб ғунгос зад Давлати Хол.
Ҳарчанд ӯ донишҷӯ ҳам бошад, ба хонааш чун хонаи дӯст ёру дӯстон ва ҳамсабақонаш меоянд ва магар ӯ метавонад аз нафаре гумонбар шавад. Не, онҳое, ки ба хонаи ман омаду рафт доранд, дӯстони мананд ва ин фикри ботилро ӯ аз сараш дур кардан хост.
-О, ба ҷуз онҳое ки ба хонаат рафтуомад доранд, боз кӣ медонист, ки тирезаи хонаат аз дарун маҳкам намешавад.
-Исто, исто, - гӯён ӯ ҷисми чун ҷисми бемор афгорашро аз болои бистар бардошта, назди тиреза рафт ва онро кушода дар ҷояш карахт шуд. Дар пеши тахтаи тиреза нақши пое баръало намудор буд, вале он шаб милисаҳо на ба дар ва на ба тиреза таваҷҷуҳ зоҳир накарданд. Пас нафаре, ки вориди хона гаштааст, аз ҳамин тиреза даромадааст.
“Рафту ба милиса телефон кунам-чӣ?”-аз дил гузаронд Давлати Хол, вале ҳамоно аз райъаш гашт: -“Албатта, милисаҳо мегуфтагистанд, ки ин нақшро барои чашмбандӣ худат пеши тиреза мондаӣ.” Не, беҳтараш аз милисаҳо дуртар будан лозим.
Бубин он шаб вай калонашон чӣ тавр бо лагад ба шикамам зад, ба ҷуз он боз ду-се мушт. Не, беҳтараш ба чашми ӯ нанамоям. Барои ӯ ва ӯ баринҳо одам қадре надоштааст. Муҳимаш он ки ҳамон гуноҳи нокардаро ба гарданат бор кунанд.
Давлати Хол ё чӣ хеле дар шиносномааш омадааст Давлат Баҳромов тайи қариб ду шабонарӯзи охир он қадар дарси зиндагӣ омӯхт, ки донишгоҳҳо тайи даҳсолаҳо қудрати онро додан надоранд. Ин бачаи соддаи деҳотӣ ба тамоми мавҷудоти зиндагӣ бо назари нек ва меҳру муҳаббати беандоза менигарист, вале он шаб худаш бо чашми хеш дид, ки чӣ тавр ҳамсояи девордармиёнашон бо чашми нафрат ба ӯ менигарад... Ҳарчанд ҳамсоя ва ҳамсарашро ба сифати шахси холис даъват карда буданд, ҳатто чун давои дили бемор ҳамин қадар нагуфтанд, ки ин бача ба чунин корҳо қодир нест, пас аз милисаҳо чӣ ҷои гила?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор