Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Охир рафиқ майор он кореро, ки худат нисбати муовини
45 сардор раво дидӣ, “муш дар ҳақи суноч” раво надида.
-Чӣ гап шуд?
-Ҳеҷ гап не, Оташак акнун ҷои нишасташро наёфта истодааст.
Ба фикрам, аз боло сарашро барои ваъдаҳои хому хаталааш шона карданд. Не, биё беҳтараш, ба ошхона равем, бубин вақти танаффуси нисифрӯзӣ шудааст. Бо шиками гурусна гӯш кардани мусиқии дилбазани Оташак хуб нест. Биё, рафтем.
-Сарашро шона карда бошанд, бад нест. Ман ҳатто рӯзи гузашта ба он кас гуфтам, ки обро дида баъд мӯза каш.
-Оташак аз ҳамон нафаронест, ки бузи дар сайругашт бударо ҳам саночи пӯст меканад.
-Чӣ ӯро ба чунин аҳвол расонидааст?
-Қабл аз ҳама пеш аз муҳлат сар додани гумонбаршуда Давлат Баҳром.
-Ба вай нагуфтӣ, ки ӯро бо забонхат барои нарафтан аз ҷои истиқоматаш сар додем.
-Гуфтам.
-Вай бовар накард?
-Бовар кард, вале гуфт ки бо чунон раҳмдилӣ беҳтар мешуд, ки мо ҳардуямон ба адвокатура мерафтем. Дар он ҷо аз нуқтаи назари Оташак нафъи мо ба мардум бештар мерасид.
-Чӣ, дар милиса инсоф лозим набудааст?
-Ба фикри Оташак не, вале ба фикри ман, дар куҷое инсон, кор накунад бояд адлу инсофро дар мадди аввал гузорад.
-Ана барои ҳамин ақидаи нағзат ман ҳоло ҳамроҳи худат ба ошхона меравам.
-Набошад, рафтем, - гӯён Зарифов ҳамроҳи Абдумаҷидов ба тарафи ошхона рафтанд...
...24...
Сари субҳ Давлат ба донишгоҳ нарафт. Ҳодисаи як шабонарӯзи охир ӯро чунон хаставу афгор карда буд, ки ҳатто аз бистар нахест. Ақрабаки соати деворӣ ба ду наздик мешуд, вале ӯ ҳамон хел беҳаракат болои бистар чашм ба дастагули пеши оина дӯхта, ҳодисаи ба сараш омадаро дар тарозуи ақл баркашид...
Мақоли халқӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор