Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Ҳангоми дар мактаб ва ҳам дар донишгоҳ хондан ӯ на як бору ду бор оид ба шиори давраи коммунизм: “Аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ, ба ҳар кас мувофиқи талаботаш” аз забони устодон шунида буд. Аслан ҳамин шиор ба ҳама маъқул буд, чи ба ҷавони навхат ва чи ба пири барҷомонда. Мӯйсафедон афсӯс бар он мехӯрданд, ки дунёи фониро тарк мекунанду ба он рӯзи саид намерасанд, чунки умри одамӣ кӯтоҳ аст. Шояд дуои он мӯйсафедон мустаҷоб шуду ҳеҷ кас ба он рӯз нарасид - на пир ва на ҷавон... Шиори мазкур аслан дар сухан монд...
Дар олами ҷиноӣ бошад, шиор аслан ба шиори давраи сотсиализм “Аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ ба ҳар кас мувофиқи меҳнаташ” қариб ки монанд аст, вале ба ин, шиор ҳам субъектҳои олами ҷиноӣ калимаи агар ё худ агараке дохил намуданд.
Пеш аз ҳама чашми танги дунёдорро ё қаноат пур кунад ё хоки гӯр гуфтаанд ва онҳое ки ба ҷиноят даст мезананд, ҳеҷ гоҳ чашми сер надоранд. Баҳри иҷрои амалиёти хеш нафареро ҷалб мекунанд ва чун корашон омад кард, моли ба яғмобурдаро ду ё се тақсим кардан нахоста, даст ба куштор мезананд то ҳиссаи бештаре баҳри хеш монанд ва боз ҳастанд ҳолатҳои дигар ҳам...
Дар ҳодисаи ба яғмо бурдани мағозаи ҷавоҳироти шаҳр дар он шаби боронии якшанбеи моҳи март маҳз ҳамин калимаи агар ё агарак сари муҳандиси аслии ин амалиётро ба бод дода буд ва ваколатдори кофтуквои ҷиноятӣ бе ягон агару агарак дар ҳамин ақида буд...
...22...
Мушовири адлияи дараҷаи сеюм Салимов сари парвандаи ҷиноӣ оид ба марги сохтмончии хизматнишондода Ғанӣ Сабазев андеша карда истода, аз чӣ бошад, ки суханони дирӯзаи котиба Муҳаббатхонро: “Соате пас ман худам ба ЭКО меравам ва инҳоро ҳам бурда месупорам” ба ёд овард. Чунин суханонро Муҳаббатхон на бори якум мегуфт. Салимов сари суханони котиба хеле андеша карда, ба хулосае омад, ки дар ин рӯзи баҳор дар дили то ба имрӯз бепарвои Муҳаббатхон муҳаббат лона мондааст ва духтар ҳар як кори хурдро баҳона карда, ба ҳамон тараф мешитобад, то лаҳзае ҳам бошад “дуздеро,” ки дилашро рабудааст, бубинад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор