Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Назари Гадо, ки дар синну сол аз ронанда калонтар буд, якумин шуда риштаи суханро ба даст гирифта гуфт, ки дар ҳақиқат қарибиҳои соати дувоздаҳи шаби 30 март, ҳангоме ки Хусрав дар кӯча бо суръати паст мошинро идора мекард, ба назари банда чунин намуд, ки дар дохили мағозаи ҷавоҳирот касе ҳаст ва бо амри ман Хусрав мошинро боздошт ва чун аз он ҷо берун баромада, ба назди мағоза рафтем, ҳама ҷо ором буд. Қулфҳо дар ҷояшон, дару тиреза маҳкам ва ҳарчанд мо назар кардем, ягон чизро надидем, ҳама ҷо сокит ва ман гумон кардам, ки шояд ҳамин чиз дар назарам намудааст ва аз ин рӯ он субҳ дар ин бора даҳон накушодем.
-Ба ҳар ҳол ин ҷо гуноҳи мо ҳам ҳаст, чунки мо худамон шояд ҳамон вақт дар ин бора ягон чиз напурсидем ва охир кӣ медонист, ки дар мағозаи ҷавоҳирот чунин ҳодиса шудааст. Дар ин бора мо худамон рӯзи душанбеи якуми апрел хабардор шудем, - мусоҳибонашро аз вазъи ноҳинҷор бароварда гуфт Абдумаҷидов.
Маҳз ҳамин суханони корманди милиса ба мусоҳибонаш маъқул шуду онҳо ҳар ду ба таври расмӣ нишондод дода, онро бо имзо хеш мустаҳкам карданд.
Дигар Абдумаҷидов шаку шубҳае надошт, ки ҳарду ҷинояте, ки рӯзҳои 31 март ва 1 апрел содир шудаанд, аз як сарчашма ҷараён гирифтаанд, ҳарчанд баҳри ин пайвастагӣ боз хулосаи ЭКО доир ба шишаҳои ба ташхис фиристодашуда ва муайян намудани резус ва гурӯҳи хуни аз пеши дари дорухона гирифташуда ва муқоисаи он бо гурӯҳи хуни мақтул Сабзаев низ лозим буд. Ҳар чӣ ҳам буд ва ё набуд, пурсиши Назари Гадо ва Хусрави Шодӣ тафтишотро қадаме ба пеш бурд ва ё ин ҳамин хел нуқтаи назари Абдумаҷидов буд. Баъди рафтани Назари Гадо ва Хусрави Шодӣ ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ боз ним соат то омадани соҳиби дафтар дар сари мизи сариқтисодчӣ сари ин масъала майна об кард...
Новобаста аз он ки ҳанӯз дафтари аъмоли Сабзаевро пурра варақгардон накарда буданд, Абдумаҷидов дар танҳоӣ дар яке аз ҳуҷраҳои хомӯши хоҷагии коммуналии шаҳр сари марги сохтмончии хизматнишондода андеша намуда, ба хулосае омад, ки Сабзаев махфияти корашро ба касе фурӯхтааст ва маҳз ҳамин чиз боиси маргаш гаштааст.

пешина
аз 429
навбатӣ