Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Як моҳ боз падару модараш нестанд, вале орому осуда ҳамроҳи бобою бибиаш гаштааст. Агар худат як моҳ сафар кунӣ, баъди бозгаштат мебинӣ, ки Асрор кайҳо маро ба хок супоридааст. Не, агар ман мурам, ҳам аз дасти ҳамин Асрор мемурам. Имрӯз замин накафид, ки маро фурӯ барад, то рӯи ин шармандаи дуздро набинам...
-Ин Давлати Баҳром ҳама вақт чун соя дар хонадони мо сайругашт дошт ва падару модарам номи ӯро барои ман намуна меоварданд. Ой, он рӯзе, ки ман ба донишгоҳи омӯзгорӣ дохил нашудаму ба хона рафтам ва боз ба бахти бади ман ду рӯз пас овоза омад, ки Давлати набераи Баҳром ба факултаи механикаю математика дохил шудааст, падарам қиёматро қоим кард. Чӣ гапҳое нагуфт: Давлат ин хел, Давлат ун хел...
Фарҳод-ако рост гуфт, ки Холи Баҳром одамгарӣ надоштааст, бубин маҳз ӯ зиндагии Фарҳод-акаро шикастааст ва аз рӯи ӯ шуда мардак дувоздаҳ сол ин ба гуфтан рост меояд, дар маҳбас шиштааст. Охир худи Фарҳод-ако гуфт, ки он ҷавоне, ки ду рӯз пас аз ҷарроҳӣ даргузаштааст, аздусар як ду моҳ пас ҳам мемурд, чунки касалии саратон доштааст ва теғи ҷарроҳ ҳамин фосиларо тезонидааст. Хайр ҳарчӣ шудааст, аз қисмат будааст ва наход мусулмон шуда, ба тақдири Худованд шак биёрӣ. Ин ҳама аз нотавонбинии Холи Баҳром буд, ки ҳаёти як олими бузургро сӯхт.
Бубин лаънатӣ, занаш ҳам ҳамақидаи ҳамин Холи Баҳром шуда, дар ҳамон рӯзи сахт дар назди мардум аз гиребони шавҳараш гирифта, ман бо ту одамкуш дигар зиндагӣ кардан намехоҳам гуфтааст ва Фарҳод-ако ӯро дар ҳамон ҷо се талоқ намудааст...
Модоме ки Холи Баҳром худаш одамгарӣ надорад, аз фарзанди ӯ чӣ бӯйӣ умед?
...20...
Субҳи рӯзи чоршанбе Масрури Мӯсо баробари ба кор омаданаш гумонбаршуда Баҳромов Давлат Холовичро дидан хост ва чун фаҳмид, ки дишаб ӯро ҷавоб додаанд, дунё дар назараш торик шуд.
-Кӣ ӯро ҷавоб дод! - мисли оне ки саги девонае гирифта бошадаш, ба сари навбатдор дод зад Оташак.
-Чӣ хел кӣ? О ҳамон касе, ки ӯро боздошта буд, боз ҷавобаш дод, - посух дод навбатдор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор