Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Магар ҳамин ҳалли кор шуд? О ман аллакай ба муовини сардори раёсати шаҳрӣ полковники милиса муҳтарам Қирғизбек Абдуллоевич ва генерал Холов занг зада хабар додам, ки яке аз ҷинояткорони мағозаи ҷавоҳироти шаҳрро бо далелҳои шайъӣ дастгир намудем.
-Аминам, ки ба таври расмӣ хабар надодед.
-Албатта.
-Пас чӣ ҷои таассуф, модоме ки хабар шакли расмӣ надорад, он қувваи қонуниро доро нест.
-Ин ба гуфтан осон.
-Санҷиши алиби беҳ аз он аст, ки баъд мо худро барои беҳаракатӣ мазаммат накунем.
-Ман ин колективро ҳеҷ нафаҳмидам.
-Коллектив ин ҷо гуноҳе надорад, ҳамеша бояд кӯшиш бар он диҳем ки обрӯю эътибори мо аз ҳисоби бадбахтии дигарон набошад.
-Дар он сурат мо набояд дар милиса, балки дар адвокатура кор кунем.
-Ба фикри шумо розӣ шуда наметавонам, рафиқ капитан. Ман ҳеҷ гоҳ пуштибони ҷинояткорон набудам ва будан ҳам намехоҳам.
-Ва ин субҳ ҳимояи ҷинояткорро ба душ гирифтаниед?
-Ҳоло маълум нест, ки ӯ ҷинояткор ҳаст ё не.
-Чӣ хел шумо ба гунаҳкории ӯ шубҳа мекунед. Охир ашёҳои дуздидашударо аз хонаи ӯ ёфтем ё гумон мекунед, ки он ашёҳоро мо худамон бурда, дар он хона дохили чойник мондем?
-Мо-ку, не вале аҷаб нест ки ин корро ягон каси дигар накарда бошад.
-Мақсад?
-Ҳоло мақсадашро намедонам, вале чун мо ба тафтишот шуруъ намоем, аз ду сар мақсадашро муайян мекунем, чунки ҷинояткор ин худ хас аст, ки ҳеҷ гоҳ зери об намешинад ва хаси рӯи об аздусар дер ё зуд аз хеш дарак медиҳад.
-Бузак намур, ки баҳор мешавад. Луқмаи тайёрро мо сар диҳему аз пайи кадом як хас шавем.
-Метарсам, ки ҳамин луқмаи тайёр дар гулӯямон дар намонад.
-Ой, ой, ой! Чӣ илоҷ, модоме ки луқмаи тайёрро нахоҳӣ, аз қафои хас шав.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор