Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

...16...
Муовини сардори ШКД-и ноҳияи Гулистон Масрури Мӯсо, ки аллакай аз “дастовардҳояш” ба полковник Абдуллоев ва генерал Холов хабар дода буд, баробари шунидани матлаби Абдумҷидов шӯрида рафт:
-Ба шаҳри Ваҳдат рафта, чӣ кор мекунӣ, ё гумон мекунӣ ки Давлати Баҳром он қадар гӯлу гумроҳ аст.
-Ман ҳеҷ гумон накардам. Фақат алибии ӯро санҷиданамон лозим.
-Алиби, алиби гуфта мешинӣ, аввал гуноҳашро ба рӯяш дайн намо, пас аз пайи алиби мешавӣ.
-Модоме ки гуноҳашро дайн намудем, дигар алиби ҷустанамон чӣ лозим?
-Ана ин гапи дигар, о далелҳои шайъӣ ҳастанд ва соате пас ба ин ҷо мудири мағозаи ҷавоҳирот Ҳамза Сафо меояд. Ман боварӣ дорам, ки ӯ чизҳои аз хонаи он донишҷӯи ахмақ ёфтаро мешиносад ва оё месазад, ки мо теша ба решаи кори хеш занем?
-Маълум, ки Ҳамза Сафо чизҳои ёфташударо мешиносад.
-Пас чӣ ҷои ташвиш, дуздро доштем, доштем. Агар ӯ бегуноҳ бошад, бигузор онҳоеро номбар кунад, ки ҷиноят содир кардаанд?
-Не, ӯ ба фикрам ягон чизро намедонад.
-Ин ҷо фикри ману худат ягон нақши ҳалкунанда надоранд ва инро шумо аз ман беҳтар медонед ин ҷо ё-ё аст.
-Чӣ хел ё-ё?
-Давлати Баҳром ё ҷинояткоронро ошкор месозад, ё худаш ҷиноятро ба гардан мегирад.
-Барои гуноҳи ӯро дайн кардан пеш аз ҳама алибии ӯро санҷидан лозим. Рафту ӯ дар ҳақиқат дурӯғ гуфта бошад, ин тафтишотро боз як қадам ба пеш мебарад.
-Ӯ чӣ гуфтанашро медонад. Ба фикрам, аллакай ҳама корҳоро пухта карда омадагӣ, аз ин рӯ талаби алибиашро санҷидан мекунад.
-Чӣ хеле набошад, мо бояд онро санҷем, рафиқ капитан.
-Хайр рафта санҷидӣ ва алибиаш тасдиқ шуд, пас чӣ кор мекунем.
-Ӯро ҷавоб медиҳем ва аз қафои ҷинояткори асосӣ мешавем.

пешина
аз 429
навбатӣ