Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун кормндони БДА моро намешинохтанд, маҷбур шудем шаҳодатномаҳои хизматиамонро нишон дода, матлаби ташрифамонро баён намоем.
-Шуморо интизоранд, - гуфт сержанти ҷавон ва бо роҳбаладии вай мо вориди бинои дидбонгоҳи БДА шудем.
Акбар Ҳакимович сари миз нишаста чизе менавишт. Ба ҷуз ӯ боз ду нафар аз тарафи чапи мизи корӣ ва як нафар бо сари хам аз тарафи рости миз меистоданд. Дар паҳлуи ҳамон шахсе, ки нигоҳашро аз фарш намеканд, лейтенанти ҷавоне менишаст.
-Хайрият омадед, - баробари дидани мо аз ҷой бархоста гуфт нафари дар сари мизбуда ва дигарон низ дилу бедилон ба ӯ пайравӣ намуданд.
Акбар Ҳакимович ба нею нестони ягона намояндаи ҷинси латифи дар маҳфилбуда нигоҳ накарда, ҷои хешро ба ӯ пешниҳод намуда, сипас моро бо рафти ҳодисаҳо шинос намуд.
Маълум шуд, нафаре, ки нигоҳашро аз фарш намеканд, ба боздошти огоҳкунандаи кормандони БДА итоат накарда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст, вале баъди як-ду километр ӯро дастгир намуда, ҳангоми ҷустуҷӯи мошин аз бордони он қариб панҷ кг маводи ба героин монанд ёфтаанд. Ҳангоми дастгиркунӣ ӯ ба кормандони БДА муқобилият нишон додааст ва дар ҳамин лаҳза аз самти шаҳри Ваҳдат майори милиса Абдумаҷидов меомадааст.
Ӯ ҳодисаро дида, худро бетараф гирифта натавониста, ронандаи таксӣ ва мусофири дуюми дар такси бударо ба ҳайси шахси холис даъват намудааст ва чун мошини ронандаи фирориро кофтуков намудаанд, аз бордонаш чунин навъи мавод ёфта, дар ҳамон ҷо дар ҳузури холисон санад тартиб дода, онро гирифтаанд ва сипас ронандаро ба мошини милиса шинонда, ба дидбонгоҳ овардааст.
Банохост яке аз милитсионерон ӯро аз рӯи расми дар доскаи шахсони дар ҷустуҷӯбуда шинохта ва чун Абдумаҷидов ба рафти ҳодиса шинос шудааст, ҳамоно ба муовини сардори ШКД-и ноҳияи Сарчашма, ки замоне ҳамроҳаш кор мекардааст, занг задааст...
...39...
-Ба инаш чӣ мегуед? - гӯён Раҷабов варақаеро, ки болои миз меистод, ба тарафи ман дароз намуд.
-Ин чӣ?

пешина
аз 429
навбатӣ