Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

- баробари ба мошин нишастан пурсид муфаттиш.
-Ман дар назди Раҷабов будам, ки касе ба ӯ занг зад.
-Сафар Бобохонович ба ман гуфт, ки ронандаро аз рӯи фоторобот дастгир намуданд.
-Ҳамин хел.
-Агар дар ҳақиқат чунин бошад, кори аҷибе шудааст.
-Чӣ хел аҷиб?
-Охир мо шахсеро, ки аксашро аз рӯйи нишондоди Сафинаи Толиб ба тавсиб расонида будем, дар гирду атрофи бозори “Зарнисор” ё дар тарафи дарвозаи ғарбии шаҳр меҷӯстем ё гапам нодуруст?
-Дуруст.
-Чаро зангзананда ба қисми навбатдори нею рост ба Раҷабов занг задааст?
-То ҷое, ки ман фаҳмидам, онҳо шиноси деринаанд.
-Онҳо гуфта киро дар назар доред?
-Акбар Ҳакимович Абдумаҷидовро, ё шумо дар бораи вай ягон чиз намедонед.
-Номашро шунидаам, вале дар асл ӯро намешиносам.
-Чандин сол пеш Акбар Ҳакимович як ҷосусро дастгир намуда буд. Ин масъала ҳамон солҳо як сентасия шуда буд.
-Ҷосусро?
-Бале, хоинеро, ки дар замони ҶБВ ба давлату миллаташ хиёнат карда буд.
-Баъди ин қадар солҳо...
-Бале, ҳамин хел буд, ман то кунун он ҳодисаро дар ёд дорам ва ҳарчанд бо Акбар Ҳакимович аз наздик ҳам шинос набошам ҳам, нисбати ӯ як эҳтироми беандоза дорам. Ана худ шоҳид хоҳед шуд, ки имрӯз низ ӯ чӣ дастовезе баҳри мо тайёр намудааст.
-Наход?
-Худ хоҳед дид, ки ҳамааш чунин аст.
-Иншоолоҳ.
Ронанда мошинро дар рӯ ба рӯи дидбонгоҳ боздошт ва мо фаромадем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо