Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-То ҷое мо иттилоъ дорем, ду сол пештар айнан чунин ҳолномаеро эшон аз сар гузаронида.
-Манбаи ахбор кист?
-Ба манфиати тафтишот наметавонем ному насаби эшонро ифшо намоем, вале нигоҳи шуморо ба ҳодисаи ду сол қалб рухдода донистан мехоҳем.
-Аз ҳодисаи ду сол пеш рухдода банда каме гӯшовоз шудам, вале худораҳматии Мирзо ин ҳамаро туҳмати нотавобинон арзёбӣ намуда, аз ҷазо халос шуд.
-Тафсилоти воқеаро рӯшантар карда мегуфтед.
-О шумо худ иқрор шудед, ки аз он ҳодиса огоҳӣ доред, пас магар такрори он шарт аст?
-Тафтишот ҳам чун фанни физика санҷиши зиёдеро мехоҳад.
-Ба ростӣ, аз ба забон овардани муҳтавои он ҳодиса банда шарм медорам ва хоҳиш мекунам дар ин ҷода аз ман напурсед.
-Чун дар сину сол банда аз шумо хурд ҳастам, маҷбур мешавам суханатонро нашиканам, вале бовар кунед устод бетарафӣ худ ҷиноят аст. Ба қавли аллома Иқболи Лоҳурӣ “Ободии куфр аз парешонии мост”?
-Рост гуфтаанд, ки “аблаҳе аз бом афтад, гардани мо бишканад,”- оҳ кашида гуфт профессор. Сипас ӯ тамокуқуттиашро аз гӯшаи мизи кориаш бардошта, онро кушода ба тарафи ман дароз намуд ва чун банда гуфтам, ки дар ин кор пиёдаам, як дона тамокуи аз қуттӣ берун овардаашро ба лаб гузошта, оташ гиронд ва лаҳзае пас болои сараш дуд фавора зад...
Дар зери фавораи дуд ӯ сари кадом андешаҳо буд, гуфта наметавонам, вале як чиз мусаллам буд, ки пеш аз оғози сухан ӯ дар мизони ақл гуфтаҳои хешро баркашиданист. Ниҳоят профессор қисми охирини тамокуи носӯхтаро ба хокистардони мармарин гузошта, каме сулфида гуфт:
- Ҳеҷ аз ин зормонда дил канда натавонистам, ки натавонистам. Чун Насимӣ дид, ки банда ҳанӯз хомӯшам, боз гуфт: -Дили одаткарда балои ҷон:
-Рафтори Мирзои Абдураззоқро ман дигар хел баён карда наметавонам.
-Пас чаро кафшҳои ӯро пеши пояш нагузоштед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё