Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ҳа эҳсосотро. Бовар намо аз гап гап мебарояд, ки оқибаташ хуб нест.
Ровӣ ҳам аз он маҳфил баромада, ба сӯи бино ҳаракат намуд ва дигар касе сари ин мавзуъ барнагашт. Баъди понздаҳ,-бист дақиқа тобутро бароварданд...
Баъди ҷаноза банда низ дар қатори хешу пайвандони маҳрум то сари хокдонаш рафтам, вале дигар суханеро, ки ба манфиати тафтишот бошад, нашунидам. Ману писархолаи маҳрум-Зариф паҳлуи ҳам боз то пеши ҳавлӣ омадем. Чун Зариф худ сухане ба забон наовард, банда низ ӯро ба ҳоли худаш гузоштам...
Дар нимаи дуюми рӯз ман ба коргоҳи Мирзои Абдураззоқ рафтам, вале мутаассифона корам омад накард. Ҳамаи инро сабаб он буд ки таҳсил дар факултаи физика дар як баст будааст ва донишҷӯён кайҳо ба хонаҳояшон рафта буданд. Ба ҳар ҳол ман бо сарвари факулта профессор Насимӣ муддати начандон тӯлонӣ сари суҳбат қарор гирифтам.
-Акнун оби рехтаро дигар ҷамъ карда намешавад. Дирӯз сари ҳамин масъала ректори донишгоҳ бандаро ба ҳузураш хонд ва хеле гӯшмолам ҳам дод.
-Чунин гӯшмол онро монад, ки баъди борон чатрро бароят диҳанд,- паст наомада гуфтам ман.
-Баҳс намекунам, вале набояд фаромуш сохт, ки ҳамаи ангуштон як хел нестанд.
-Аз нигоҳи шумо ҳодисаи ба сари кормандатон омадаро сабаб чист?
-Ман муфаттиш нестам, ки нуқтаи назари хешро дар ин бора баён намоям. Ба гумон аст, ки худи тафтишот ҳам дар ин самт бе гирд овардани далелҳои боэътимод хулосае барорад.
-Ҳамин хел аст, вале тафтишот ҳамаги рӯзи дуюм аст, ки бо ҳалномаи Мирзо Абдураззоқ сару кор дорад, шумо бошед, ба фикрам, бо вай як пуд намакро бо ҳам дидаед.
-Чун донишманд банда ба дониши эшон баҳои мусбӣ дода метавонам, вале дар бораи зиндагии оилавиаш чизе гуфта наметавонам.
-Яъне, ки ҳолномаи оилавии ӯ чун тарафи нонамоёни моҳ бароятон торик аст?
-Афсӯс, ки ҳамин хел аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё