Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Мо гумон доштем, ки баъди ҳодисаи ду сол пеш рухдода ӯ ба хулосае омад, вале акнун худи ман ба хулосае омадам, ки ин иштибоҳи мо будааст ва кӯзапуштро танҳо хоки гӯр рост мекунад...
Дигар ман дар бораи ҳодисаи ду сол пеш рухдода ҳам пурсон нашудам, чунки нахостам мӯйсафедро дубора ба ҳолати ногувор монам. Бе ин ҳам ӯ ҳамаашро гуфт, ҳарчанд кушоду равшан ҳам набошад, вале гуфт ва ман аз ҷой бархоста бо эшон худоҳофизӣ намудам...
Ҳангоми фаромадан ба ошёнаи якуми бино чашмам ба навиштаҷоте бархӯрд:
Эй омада гирён туву хандон ҳама кас.
В-аз омадани ту гашта шодон ҳама кас.
Имрӯз чунон бош, ки фардо чу равӣ,
3 Хандон ту бурун оиву гирён ҳама кас.
Тамоми роҳ ман сари гуфтаҳои сарвари факулта Насимӣ ва ҳамин навиштаҷоти болои дари баромадгоҳ андеша намудам.
Навиштаҷот дар ҷое гузошта шуда буд, ки ҳангоми баромадан ҳатман чашми кас ба он бармехӯрд ва ман ҳатто гуфта наметавонистам, ки дотсент Мирзои Абдураззоқ онро нахонда бошад. Пас агар ӯ ҳамин сатрҳоеро хонда буд, чаро дар зиндагӣ онро сармашқи кори хеш накард...
“Кӯзапуштро танхо хоки гӯр рост мекунад,” - гуфтани профессор Насимӣ бесабаб набуд...
Сари ҳамин андешаҳо ман ба истгоҳ омадам ва ба автобуси аввалин нишастам....
...4...
Дасти шахшуди зиндагӣ хеле бармаҳал аз гиребони Нигора гирифт.
Вақте ки ӯ нав ба синни сесолагӣ қадам мегузошт, модараш аз олам даргузашт. Падараш хост вайро ба хонаи бачаҳо диҳад, вале бибиаш Зайнаб монеъи ин кор шуда, ӯро ба хонаи худаш овард.
Соле пас падараш ҳам бар асари фалокати автомобилӣ ба ҳалокат расид ва Нигора аз дидори падар ҳам сер нашуд.

Сухан аз Алғавии Мароғӣ асри XIII.

пешина
аз 429
навбатӣ