Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

таассуф нест, ки забони тоҷикӣ ва порсиву дарӣ баъди садсолаҳо ба самтҳои гуногуни рушду такомул ҳаракат карда, аз ҳамдигар фарқияти боз ҳам бештаре пайдо кунанд. Забони тоҷикӣ ба шохаи забонҳои эронии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ марбут аст ва таърихи дуру дарозе дорад. Забони тоҷикӣ муштаракан бо забони порсии муосир чун идомаи забони порсии қадим ва забони порсии миёна буда, дар худ хусусиятҳои ҷузъии баъзе дигар забонҳои матрук ва то имрўз зиндаи эрониро таҷассум кардааст. Дар тамоми ҳафриёту кофтукофҳои таърихӣ осори хаттии ин ё он халқияту миллат ба даст меояд.
Навиштаҷоти гуногуни рўи сафолпораву қоғазҳо, пуст, зарфҳоӣ филизӣ, сангҳо, тангаҳо сарчашмаҳои муҳимтарини таърихӣ ҳисоб мушаванд ва дар натиҷаи хонда шудан ва барқарор шудани матнҳо ҳодисаҳои гуногуни таърихӣ, забониву фарҳангӣ айёну рушан мегардад. Дар қисмати сикашиносӣ таърихи забон, системаи хат ва қонуниятҳои грамматикии забонро надониста ягон хел хулосаи илмӣ баровардан имкон надорад. Бинобар ин фанни таърихи забон ҷузъи ногусастании таърихи ин ё он халқ маҳсуб мегардад.
Забони умумихалқӣ, забоне, ки ҳамаи табақаҳои ҷамъиятии як халқ истифода мекунанд. Забони умумихалқӣ дараҷаи олии инкишофи забони адабии миллист. Ташаккули забони умумихалқӣ маҳз дар замони давлатдории тоҷикон (асрҳои IX–X) имконпазир гардид. Истилоҳи забони гуфтугўии умумӣ, ки дар баъзе таълифоти забоншиносӣ дучор меояд бо истилоҳи забони умумихалқӣ ҳаммаъност.
Забони хоразмӣ. Забони хоразмӣ аз рўи хусусиятҳои забониаш ба забони суғдӣ наздик аст ва минтақаи густаришаш поёноби Амударё будааст.
Дар бораи забони хоразмӣ мавод ва манобеи хаттӣ он қадар фаровон нест. Дар минтақаи густариши забони хоразмӣ алифбои оромиасос бо идеограммаҳо истифода мешуд. Ба ин навиштаҷотҳои рўи тангаҳо ва манобеи хаттии дар Тупроққалъа ёфтшуда, ки ба асри III милодӣ тааллуқ доранд, шаҳодат медиҳанд. Баъзе ҳуҷҷатҳои аз Тупроққалъа ёфтшуда дар маҷмўаи тадқиқотии олими шўравӣ С.Г. Толстов бо унвони «Труды Хорезмской археологоэтнографической экспедиции» соли 1958 чоп шудаанд. Ҳамчунин, аз тарафи ин муҳаққиқ навиштаи рўи зарф аз ҳафриёти Қойқирилганқалъа ёфт шудааст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё