Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Забони суғдӣ. Забони суғдӣ ба гурўҳи забонҳои шарқии эронии давраи
миёна мансуб аст. Ҳудуди паҳншавии ин забон водии Зарафшон буда,
мавҷудияти давлати Суғд мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ аз асрҳои VI то
мелод оғоз мегардад. Мувофиқи ақидаи муҳаққиқон паҳншавии суғдҳо дар
соҳилҳои дарёи Зарафшон ба миёнаҳои ҳазораи II – ибтидои ҳазораи I то мелод
рост меояд. Давлати Суғд аз ҷануб бо бохтариён, ҷанубу ғарб портиёну
марғиёниҳо, дар шимол ва шимолу шарқ бо сакоиён, дар шимолу ғарб бо
хоразмиён ҳамсоя буд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо суғдҳо дар асрҳои
III пеш аз милод бо чиниён дар робитаи тиҷоратию фарҳангӣ қарор мегиранд
ва дар забону шеваҳои гуногуни чинӣ як қатор иқтибосоти суғдиро, ки ба асри
I мелодӣ мансуб аст муқаррар кардаанд. Забони суғдӣ забони коргузорӣ ва
муошарати мардумони ҳайати давлати Суғд ва ҳатто ҳудудҳои аз он ҳам
фарохтар будааст. Минтақаи асосии густариши забони суғдӣ ба бартарии
бештар ба дигар забону гӯишҳо водии Зарафшон, Фарғона, Кӯшред
(Қашқадарёи имрўза дар Ӯзбакистон) ва Сурхондарё будааст. Мувофиқи
навиштаҳои Сюан Сзян низ ҳудуди ниҳоят васеъ, ки аз Ҳафтред то Кӯшредро
фаро мегирифт, Суғд меномидаанд. Муаррихони юнонӣ қайд мекунанд, ки
сарҳади байни Суғду Бохтар дарёи Окс (Амударё) будааст. Дар сарчашмаҳои
хаттии гузашта калимаи «суғд» дар шаклҳои зерин навишта шудааст: порсии
қадим - suguda, sugda, авастоӣ - suxδa, дар навиштаҳои юнониён
Σογδiavη. Маркази давлати Суғд шаҳри Самарқанд буд, ки он дар манобеи
хаттӣ ба таври зайл сабт шудааст: Аз байн
рафтани забони суғдӣ ва ҷойи онро пурра гирифтани забони дарии тоҷикӣ ба
давраҳои пас аз асри ХІ рост меояд. Дар навоҳии болооби Зарафшон забони
суғдӣ хеле дер боқӣ монд. Дар соҳилҳои дарёи Яғноб шеваи суғдӣ то кунун
боқӣ мондааст, ки онро забони суғдии нав низ меноманд ва ин забони яғнобӣ
аст. Дар ҳудуди Ҳафтред ҷои забони суғдиро забони туркӣ гирифт. Ба гуфтаи
Маҳмуди Қошғарӣ аҳолии Суғди Балосоғун урфу одатҳои туркиро қабул
намуданд ва дар дарвраҳои аввал дузабона буданд (ки ин раванд бо забони
хоразмӣ низ рўй дода буд) ва баъдҳо аҳолии шаҳрҳои Ҳафтред аз Балосоғун
то Исфиҷоб бо забони туркӣ гап мезадагӣ шуданд. Забони суғдӣ – забони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё