Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

худро бо забони адабии умумихалқӣ менависад, ки тавассути он ҳар гуна осори илмию таърихӣ ҳам навишта мешавад. Вале фарқи забони адабиёти бадеӣ аз забони адабии умумихалқӣ дар он аст, ки нависанда дар он тамоми санъатҳои маънавию лафзӣ ва воситаҳои дигари бадеирокор мефармояд ва бо ин роҳ тобишҳои гуногуни калимаву ибораҳоро ба даст меорад. Зебоӣ ва таъсиргузории адабиёти бадеӣ низ дар ҳамин аст. Дар тадқиқи эҷодиёти ҳар як нависанда омўхтани забони асарҳои вай аҳамият ва мақоми бузурге дорад. Аз ҳамин сабаб аст,ки ба забони ҳар нависанда тадқиқоти махсусе бахшида мешавад. Чунончи, Носирҷон Маъсумӣ забон ва услуби «Марги судхўр»-и устод Айнӣ, Баҳриддин Камолиддинов забон ва услуби Ҳаким Карим ва Худойдод Ҳусейнов забон ва услуби «Одина»- и С. Айниро тадқиқ кардаанд. Чунин тадқиқот ҳам симои эҷодии нависандаро муайян мекунад, ҳам ҳисаву мақоми ўро дар инкишоф ва бой гардонидани забони адабӣ таъин мекунад. Забони адабиёти бадеӣ воситаи асосии тасвири ҳаёт аз ҷониби нависанда. Дар санъати мусиқӣ воситаи муҳимми тасвир оҳанг, садо, овоз аст; воситаи асосии санъати тасвирӣ ранг мебошад. Ба ҳамин қиёс дар адабиёти бадеӣ воситаи муҳимми тасвир забон аст, ки тавассути он нависанда образҳои бадеии худ, тасвири бадеии воқеаҳои зиндагиро ба вуҷуд меорад, афкор ва эҳсосоти қалби худро баён менамояд. Ҳамаи санъатҳои лафзию маънавӣ низ ба воситаи забон ифода мешаванд. Аҳмади Дониш гуфтааст, ки «Сухан қолиби маънист. То лафз зебо набошад, маънӣ зебо намешавад». Забони асари бадеӣ бояд сода, тоза ва ба забони умумихалқӣ наздик бошад. Нависанда аз забон натанҳо барои тасвири бадеии воқеаҳо, балки барои баёни эҳсоси қалб, барои ба вуҷуд овардани симои қаҳрамонҳо, хислатҳои типии онҳо низ истифода мебарад.
Забони адабӣ. Забони адабӣ шакли мукаммали забони умумихалқист, ки дорои меъёрҳои таърихан ташаккулёфтаи муайянест.
Забони адабӣ категорияи таърихист, ки пайдоиши он ба хат вобаста аст.
Таърихи ташаккул ва инкишофи забони адабӣ ду давраро фаро мегирад:
давраи миллат ва пеш аз миллат. Забони адабии ин давраҳо хусусиятҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё