Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Девонагарӣ (англ. devonagari). Яке аз навъҳои хати ҳиҷогии ҳиндӣ.
Дар Ҳиндустони қадим пайдо шудааст. Алифбою хатҳои санскрит, ҳиндӣ, маратхӣ, неварӣ, непалӣ аз ин хат истифода бурдаанд.
Деградатсия (англ. Degradation, Corrupcion). Тасаввурот роҷеъ ба тағйироти дар забон рўй дода ҳамчун тахриби аломатҳои аслии он, пас бадтару хароб шудани он.
Декламатсия (англ. Declamaion). Истифодаи воситаҳои гуногуни таҷзияи нутқ (ва пайвастани қисмҳои таҷзияшуда) барои ифодаи мутантану муасири мазмуни матни бадеӣ.
Декоррелятсия (аз пешванди лотинии de- ба маънои ҷудо кардан + corret latio – бо ҳам алоқаманд, вобаста будан). Тағйироти хосият ё маънои морфемаҳо ва таносуби онҳо дар калима бо ҳифзи теъдоди онҳо.
Масалан, ҳиссаи якуми калимаи корнома дар асл маънои «майдон, ҳарб, ҷанг, задухўрд»-ро дошта ҳоло ба маънои амал, машғулият кор фармуда мешавад.
Делабиализатсия ((дислабиализатсия) англ. delabializotion).
Белабишавии овозҳои садоноку ҳамсадои лабӣ. Дар баъзе шеваҳои забони тоҷикӣ баръакс пеш аз ҳамсадои пешизабонии димоғии н садоноки лабии о у талаффуз мешавад: хуна-хона, нун-нон.
Делатив (англ. delative). Дар забонҳои ҳиндуаврупоӣ шакли категориявии ҳолате, ки маънои ҳаракат ба самти поёнро ифода менамояд.
Демаркатсия (англ. delimition). Ифодаи фосилаи морфологӣ ё ҳиҷоҷудокунӣ тавасути воситаҳои фонетики хоси ин ё он забон.
Денотатсия (англ. denotation). Ифодаи мазмуни мундариҷаи хоси воҳидҳои забонӣ бар хилофи коннотасия, яъне тобишҳои маъноию услубии он.
Дериватсия ((калимасозии вандӣ) англ. derivation). Сохтани калимаҳои нав бо ёрии пешванду пасвандҳо мувофиқу мутобиқи қолабҳои таърихан ташаккулёфтаи калимасозии ин ё он забон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё